Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бар ӯ барнишаста яке паҳлавон,
Або фарру бо сифту ёли гавон,
Аз он кас, ки бар пой пешаш-бар аст
Нишаста, ба як сар аз ӯ бартар аст,
Яке бора пешаш ба болои ӯй,
Каманде фурӯ ҳишта то пои ӯй,
Ба худ ҳар замон бархурӯшад ҳаме,
Ту гӯӣ, ки дарё биҷӯшад ҳаме,
Ба Эрон на марде ба болои ӯй,
Набинам ҳаме асп ҳамтои ӯй,
Дурафшаш бибин, аждаҳопайкар аст,
Бар он найза-бар шери зарринсар аст,
Кӣ бошад ба ном он савори далер,
Ки ҳар дам ҳаме бархурӯшад чу шер?»
Ҳаҷир он гаҳе гуфт бо хештан,
Ки гар ман нишони гави пилтан
Бигӯям бад-ин некдил шермард,
Зи Рустам барорад баногоҳ гард!
Аз он беҳ набошад, ки пинҳон кунам,
Зи гарданкашон номи ӯ бифканам!
Чунин гуфт, к-«Аз Чин яке некхоҳ
Ба наввӣ биомад ба наздики шоҳ!»
Бипурсид номаш зи фаррух Ҳаҷир,
Бигуфто, ки «Номаш надонам ба вир,
Бад-ин диж будам ман бад-он рӯзгор,
Куҷо ӯ биомад бари шаҳрёр,
Гумонам, ки он чинӣ ин паҳлав аст,
Ки ҳаргуна созу силоҳаш нав аст.»
Ғамӣ гашт Суҳробро дил бад-он,
Ки ҷое наомад зи Рустам нишон.
Нишон дода буд аз падар модараш,
Ҳаме диду дида набуд бовараш.
1 Сифт – кифт, шона.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо