Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз он пардаи сабзу аспи баланд
В-аз он марду он тобдода каманд

В-аз он пас Ҳаҷири сипаҳбуд-ш гуфт,
Ки «Аз ту суханро набояд нуҳуфт,

Гар аз номи чинӣ бимонам ҳаме,
Аз он аст, к-ӯро надонам ҳаме!»

Бад-ӯ гуфт Суҳроб, к-«Ин нест дод,
Зи Рустам накардӣ сухан ҳеч ёд,

Касе, к-ӯ бувад паҳлавони ҷаҳон,
Миёни сипаҳ-дар намонад ниҳон.

Ту гуфтӣ, ки дар лашкар ӯ меҳтар аст,
Нигаҳбони ҳар марзу ҳар кишвар аст.

Ба разме, ки Ковус лашкар кашад,
Ба пили дамон тахту афсар кашад,

Ҷаҳонпаҳлавон боядаш пешрав,
Чу бархезад аз дашт овои ғав!»

Чунин дод посух мар-ӯро Ҳаҷир,
Ки «Шояд будан, к-он гави шергир

Кунун рафта бошад ба Зобулситон,
Ки ҳангоми базм аст дар гулситон!»

Бад-ӯ гуфт Суҳроб, к-«Ин худ бигӯй,
Ки дорад сипаҳбуд суи ҷанг рӯй,

Зи ҳар сӯ зи баҳри ҷаҳондор шоҳ
Биоянд наздаш меҳон бокулоҳ,

Ба ромиш нишинад ҷаҳонпаҳлавон,
Бар ин-бар биханданд пиру ҷавон!

Маро бо ту имрӯз паймон якест,
Бигӯям, ки гуфтори ман андакест,

Агар паҳлавонро намоӣ ба ман,
Сарафроз бошӣ ба ҳар анҷуман!

Туро бениёзӣ диҳам дар ҷаҳон,
Кушода кунам ганҷҳои ниҳон

пешина
аз 345
навбатӣ