Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Натобид бо ӯ, битобид рӯй,
Шуданд аз далерон басе ҷангҷӯй,
Зи гурдон касе мояи ӯ надошт,
Ба ҷуз пилтан пояи ӯ надошт!
Ҳам оини пешин нигаҳ доштем,
Сипаҳро бар ӯ ҳеч нагзоштем,
Ба танҳо нашуд кас бараш ҷангҷӯй,
Супурдем майдони кина бад-ӯй.
Саворе нашуд пеши ӯ яктана,
Ҳаме тохт аз қалб то маймана,
Зи ҳар сӯ ҳаме шуд дамону дамон,
Ба зер-андарун буд аспаш чамон!»
Ғамин гашт Рустам зи гуфтори ӯй,
Бари шоҳ Ковус бинҳод рӯй.
Чу Ковуси Кай паҳлавонро бидид,
Бари хеш наздик ҷояш гузид.
Зи Суҳроб Рустам забон баркушод,
Зи болову бурзаш ҳаме кард ёд,
Ки «Кас дар ҷаҳон кӯдаки норасид
Бад-ин шермардиву гурдӣ надид.
Ба боло ситора бисояд ҳаме,
Танашро замин баргирояд ҳаме.
Ду бозӯву ронаш чу рони ҳаюн,
Ҳамоно, ки дорад ситабрӣ фузун.
Ба теғу ба тиру ба гурзу каманд
Зи ҳар гунае озмудем чанд,
Саранҷом гуфтам, ки ман пеш аз ин
Басе гурдро баргирифтам зи зин,
Ҳамехостам, к-аш зи зин барканам,
Чу дигар касонаш ба хок афканам,
Гар аз бод ҷунбон шавад кӯҳсор,
Наҷунбад абар зин мар-он номдор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор