Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Яке достон зад бад-ин шаҳриёр,
Ки «Душман мадор, арчи хурд аст, хор!»
Бигуфту дил аз ҷони ӯ баргирифт,
Пурандӯҳ монда дилаш дар шигифт.
Ба Ҳумон чунин гуфт Суҳроби гурд,
Ки «Андеша аз дил бибояд сутурд,
Ки фардо биояд бари ман ба ҷанг,
Бибинӣ ба гардан-ш-бар полҳанг!»
Ба лашкаргаҳи хеш бинҳод рӯй
Ба хашму пур аз ғам дил аз кори ӯй.
Чу Рустам зи чанги вай озод гашт,
Ба сони яке теғи пӯлод гашт,
Хиромон бишуд сӯи оби равон,
Чу ҷонрафта, гӯӣ, биёбад равон,
Бихӯрд обу рӯю сару тан бишуст,
Ба пеши ҷаҳонофарин шуд нахуст,
Ба замзам бинолид бар бениёз,
Ниёиш ҳамекард бар чорасоз,
Ҳаме хост пирӯзиву дастгоҳ,
Набуд огаҳ аз бахши Хуршеду Моҳ,
Ки чун рафт хоҳад сипеҳр аз бараш,
Бихоҳад рабудан кулоҳ аз сараш.
Шунидам, ки Рустам зи оғози кор
Чунин ёфт нерӯ зи Парвардгор,
Ки гар сангро ӯ ба сар-бар шудӣ,
Хаме ҳар ду пояш бад-ӯ-дар шудӣ.
Аз он рӯз пайваста ранҷур буд,
Дили ӯ аз он орзӯ дур буд.
Бинолид в-аз Кирдгори ҷаҳон
Ба зорӣ ҳаме орзӯ кард он,
Ки лахте зи зӯраш ситонад ҳаме,
Ки рафтан ба раҳ-бар тавонад ҳаме.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор