Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Суханҳои Суҳроб нашнидаӣ,
На марди бузурги ҷаҳондидаӣ,
К-аз эрониён сар бибуррам ҳазор,
Кунам зинда Ковуси Кайро ба дор!
Агар монад ӯ зинда андар ҷаҳон,
Бипечанд аз ӯ ҳам меҳону кеҳон.
Касе душмани хештан парварад,
Ба гетӣ-дарун номи бад густурад!»
Чу бишнид Гударз, баргашт зуд,
Бари Рустам омад ба кирдори дуд,
Бад-ӯ гуфт: «Хӯи бади шаҳриёр
1
Дарахтест ҳанзал, ҳамеша бабор,
Ба тундӣ ба гетӣ варо ёр нест,
Ҳамон ранҷи касро харидор нест!
Туро рафт бояд ба наздики ӯй,
Ки равшан кунӣ ҷони торики ӯй!»
ЗОРӢ КАРДАНИ РУСТАМ БАР СУҲРОБ
Бифармуд Рустам, ки то пешкор
Яке ҷома орад бараш пурнигор.
Ҷавонро бар он ҷомаи зарингор
Бихобонду омад бари шаҳриёр.
Гави пилтан сар суи роҳ кард,
Кас омад пасаш зуду огоҳ кард,
Ки Суҳроб шуд з-ин ҷаҳони фарох,
Ҳаме аз ту тобут хоҳад, на кох,
Падар ҷусту барзад яке сардбод,
Бинолиду мижгон ба ҳам барниҳод.
Пиёда шуд аз аспу Рустам чу бод
Ба ҷои кулаҳ хок бар сар ниҳод,
Ҳаме гуфт зор: «Эй набарда ҷавон,
Сарафрозу аз тухмаи паҳлавон,
1 Ҳанзал – кадуи ёбоӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор