Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ОГОҲӢ ЁФТАНИ МОДАР
АЗ КУШТА ШУДАНИ СУҲРОБ

Ғирев омад аз шаҳри Тӯронзамин,
Ки Суҳроб шуд кушта бар дашти кин.

Хабар з-ӯ ба шоҳи Самангон расид,
Ҳама ҷома бар хештан бардарид.

Ба модар хабар шуд, ки Суҳроби гурд
Ба теғи падар хаста гашту бимурд.

Бизад чангу бидрид пероҳанаш,
Дурахшон шуд он лаъли зеботанаш,

Баровард бонгу ғиреву хурӯш,
Замон то замон з-ӯ ҳамерафт ҳуш.

Мар-он зулфи чун тобдодакаманд
Ба ангушт печиду аз бун биканд.

Равон гашта аз рӯи ӯ ҷӯи хун,
Замон то замон андаромад нагун.

Ҳама хоки раҳро ба сар барфиканд,
Ба дандон зи бозӯи худ гӯшт канд.

Ба сар барфиканд оташу барфурӯхт,
Ҳама мӯи мушкин бар оташ бисӯхт.

Ҳаме гуфт, к – «Эй ҷони модар, кунун
Куҷоӣ сиришта ба хоку ба хун?

Ду чашмам ба раҳ буд, гуфтам, магар
Зи Суҳробу Рустам биёбам хабар.

Гумонам чунин буд, гуфтам, кунун
Бигаштӣ ба гирди ҷаҳон-андарун,

Падарро ҳаме ҷустиву ёфтӣ,
Кунун б-омадан тез биштофтӣ!

Чи донистам, эй пур, к-ояд хабар,
Ки Рустам ба ханҷар даридат ҷигар,

Дареғаш наомад аз он рӯи ту,
Аз он бурзу болову бозӯи ту,

Аз он гирдгоҳаш наомад дареғ,
Ки бибрид Рустам ба бурранда теғ?!

пешина
аз 345
навбатӣ