Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Биафтод бар хок, чун мурда гашт,
Ту гуфтӣ, ҳаме хунаш афсурда гашт.
Ба ҳуш омаду боз нолиш гирифт,
Бар он пури кушта сиголиш гирифт,
Зи хуни ҷигар кард лаъл обро,
Биовард он тоҷи Суҳробро,
Ҳаме зор бигрист бар тоҷу тахт,
Ҳаме гуфт:»Эй хусравонӣ дарахт,
Биовард он ҷармаи бодпой,
Ки дар рӯзи равшан бад-ӯ буд рой,
Сари аспи ӯро ба бар даргирифт,
Бимонда ҷаҳоне бад-ӯ дар шигифт,
Гаҳе бӯса зад бар сараш, гаҳ ба рӯй,
Зи хун зери суммаш ҳаме ронд ҷӯй,
Зи хуни мижа хокро кард лаъл,
Ҳаме рӯй молид бар сумму наъл.
Биовард он ҷомаи шоҳвор,
Гирифташ чу фарзанд андар канор,
Биовард хафтону диръу камон,
Ҳамон найзаву теғу гурзи гарон,
Биовард зину лагому сипар,
Лагому сипарро ҳаме зад ба сар,
Камандаш биовард ҳаштод ёз,
Ба пеши худ-андар фикандаш дароз.
Ҳаме теғи Суҳробро баркашид,
Фашу думми аспаш зи нима бурид.
Ба дарвеш дод ин ҳама хоста,
Зару симу аспони ороста.
Дари кох барбасту тахташ биканд,
Зи боло дароварду пасташ фиканд.
Дари хонаҳоро сияҳ кард пок,
Зи коху равоқаш баровард хок.
Фурӯ ҳишт ҷое, ки буд ҷои базм,
Аз он базмгаҳ рафта будаш ба разм.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор