Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама ранҷҳо гашта осон бар ӯй,
Бад-ӯ равшанӣ андароварда рӯй,

Нахоҳам ҳаме хештанро кулоҳ,
На оганда ганҷу на тахту на гоҳ,

Се фарзандро хоҳам орому ноз,
Аз он пас, ки бурдем ранҷи дароз.

Бародар, к-аз ӯ буд дил-тон ба дард,
Агарчи назад бар касе боди сард,

Давон омад аз баҳри озоратон,
Ҳамон орзӯманди дидоратон.

Биафканд шоҳӣ, шуморо гузид,
Чунон, к-аз раҳи номдорон сазид,

Зи тахт-андар омад, ба зин-бар нишаст,
Бад-ин сон миён бандагиро бубаст.

Бад-он, к-ӯ ба сол аз шумо кеҳтар аст,
Ба меҳру навозидан андархур аст.

Гиромӣ-ш дореду нӯша хӯред,
Чу парвардаам тан, равон парваред.

Чу аз буданаш бигзарад рӯз чанд,
Фиристед назди манаш арҷманд.»

Ниҳоданд бар нома-бар муҳри шоҳ,
Аз айвон-ш Эраҷ гузин кард роҳ,

Бишуд бо тане чанд барнову пир,
Чунон чун бувад роҳро ногузир.

Чу танг андаромад ба наздикашон,
Набуд огаҳ аз ройи торикашон.

Пазира шудандаш ба оини хеш,
Сипаҳ сар ба сар боз бурданд пеш.

Чу диданд рӯи бародар ба меҳр,
Яке тозатар баркушоданд чеҳр.

Ду пархошҷӯ бо яке некхӯй,
Гирифтанд пурсиш на бар орзӯй.

пешина
аз 345
навбатӣ