Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Манучеҳр фармуд, то барнишаст
Мар-он покдил марди яздонпараст.
Суи тахту айвон ниҳоданд рӯй
Чи дайҳимдору чи дайҳимҷӯй.
Манучеҳр бар гоҳ биншаст шод,
Кулоҳи кайонӣ ба сар-бар ниҳод,
1
Ба як даст Қоран, ба дигар-ш Сом,
Нишастанд равшандилу шодком.
Пас ороста Золро пеши шоҳ,
Ба заррин амуду ба заррин кулоҳ
Гурозон биовард солори бор,
Шигифтӣ бимонд андар ӯ шаҳриёр.
Пас он гаҳ Манучеҳр бо Сом гуфт,
Ки «Инро ҳамоно касе нест ҷуфт,
Бад-ин бурзу боло, бад-ин хуб чеҳр,
Ту гӯӣ, ки ороми ҷон асту меҳр!»
Чунин гуфт мар-Сомро шаҳриёр,
Ки «Аз ман ту инро ба зинҳор дор,
Ба хира маозораш аз ҳеч рӯй,
Ба кас шодмона машав ҷуз бад-ӯй,
Ки фарри кайон дораду чанги шер,
Дили ҳушмандону фарҳанги пир.
Биомӯз ӯро раҳи созу разм,
Ҳамон шодкомиву оини базм.
Надидаст ҷуз кӯҳу мурғу куном,
Куҷо донад оинҳоро тамом!»
Пас аз кори Симурғу кӯҳи баланд
В-аз он, то чаро хор шуд арҷманд,
Якояк ҳама Сом бо ӯ бигуфт,
Зи хобу зи хӯрду зи ҷои нуҳуфт
В-аз афкандани Зол бикшод роз,
Ки чун гашт бар сар сипеҳр аз фароз.
Қоран – писари Коваи оҳангар, сипаҳдори шоҳ Фаридун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё