Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Дили ман чу шуд бар ситора табоҳ,
Чи гуна тавон шод будан ба моҳ?!
Ба гул нангарад, он ки ӯ гилхур аст,
Агарчи гул аз гил ситудатар аст.
1
Киро сирка дору бувад бар ҷигар,
Шавад з-ангубин дарди ӯ бештар.
2
На қайсар бихоҳам, на фағфури Чин,
На аз тоҷдорони Эронзамин.
Ба болои ман пури Сом аст Зол
Або бозуи шеру бо кифту ёл!
Гараш пир хонанд ё навҷавон,
Маро ҳаст ороми ҷону равон,
Ҷуз ӯ ҳаргиз андар дили ман мабод,
Ҷуз аз вай бари ман маоред ёд!
Маро меҳри ӯ дил надида гузид,
Ҳамон дӯстӣ аз шунида гузид,
Бар ӯ меҳрубонам, на бар рӯю мӯй,
Ба сӯи ҳунар гаштамаш меҳрҷӯй!»
Ба дилҷӯии духтари меҳрубон
Шуданд он парастандагон ҳамзабон,
Ба овоз гуфтанд: «Мо бандаем,
Ба дил меҳрубону парастандаем,
Нигаҳ кун кунун, то чи фармон диҳӣ,
Наояд зи фармони ту ҷуз беҳӣ!»
Яке гуфт з-эшон, ки «Эй сарвбун,
Нигар, то надонад касе ин сухун,
Чу мо сад ҳазорон фидои ту бод,
Хирад з-офариниш равои ту бод!
Агар ҷодуӣ бояд омӯхтан,
Ба банду фусун чашмҳо дӯхтан,
1
Сирка – сирко, моеъи туруше, ки аз ангуру дигар меваҳо ҳосил мекунанд ва дар пухтупазу дорусозӣ истифода мешавад.
Қайсар – лақаби шоҳони Руму Юнони қадим. Фағфур – лақаби шоҳони Чини қадим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё