Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ки «Бо ту чи гуфт он, ки хандон шудӣ,
Кушодалабу симдандон шудӣ?»
Бигуфт, он чи бишнид, бо паҳлавон,
Зи шодӣ дили паҳлавон шуд ҷавон,
Чунин гуфт бо ридаки моҳрӯй,
Ки «Рав, он парастандагонро бигӯй,
Ки аз гулситон як замон магзаред,
Магар бо гул аз боғ гавҳар баред.
Набояд шудантон суи кох боз
Бад-он, то паёме фиристам ба роз!»
Дирам хост бо зарру гавҳар зи ганҷ,
Гаронмоя дебои зарбафт панҷ,
Яке дурҷи пургавҳари шоҳвор
Бурун кард аз гӯши худ гӯшвор,
Ду ангуштарӣ аз Манучеҳршоҳ
Гузин кард аз баҳри фархундамоҳ,
Бифармуд, к-«Ин назди эшон баред,
Касеро магӯеду пинҳон баред!»
Бирафтанд зӣ моҳрухсора панҷ,
Або гарм гуфтору динору ганҷ,
Бад-эшон супурданд зарру гуҳар
Ба номи ҷаҳонпаҳлавон Золи Зар.
Парастанда бо моҳдидор гуфт,
Ки «Ҳаргиз намонад сухан дар нуҳуфт,
Магар он ки бошад миёни ду тан,
Се тан нониҳон асту чор анҷуман,
Бигӯй, эй хирадманди покизарой,
Сухан гар ба роз аст, бо мо сарой!»
Парастанда гуфтанд бо якдигар,
Ки «Омад ба дом-андарун шери нар,
Кунун коми Рӯдобаву коми Зол
Ба ҷой омад, ин буд фархунда фол!»
Биомад сияҳчашм ганҷури шоҳ,
Ки буд андар он кор дастури шоҳ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё