Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Нигаҳ кард дарбон, баророст ҷанг,
Забон кард густоху дил кард танг,
Ки «Бегаҳ зи даргоҳ берун шавед,
Шигифт оядам, то шумо чун шавед!»
Бутон посухашро биоростанд,
Ба дилтангӣ аз ҷой бархостанд,
Ки «Имрӯз рӯзи дигаргуна нест,
Ба боғи гулон деви вожуна нест,
Ба фармони Рӯдобаи моҳчеҳр
Пайи гул бирафтем з-эдар ба меҳр,
Туро чист з-ин гуна гуфторҳо,
Ки гул чидаем аз сари хорҳо?»
Нигаҳбони дар гуфт, к-«Имрӯз кор
Набояд гирифтан бад-он ҳам шумор,
Ки Золи сипаҳбуд ба Кобул набуд,
Замин пур зи хиргоҳу лашкар намуд!
Набинед, к-аз кох Кобулхудой
Ба зин-андар орад ба шабгир пой.
Ҳама рӯзаш омадшудан пеши ӯст,
Ки ҳастанд бо якдигар сахт дӯст.
Агар-тон бубинад чунин гул ба даст,
Кунад бар замин-тон ҳамон гоҳ паст.
Маоед дигар бурун аз ҳарам,
Мабодо, ки ояд сухан бешу кам!»
Шуданд андар айвон бутони Тироз,
Нишастанду бо моҳ гуфтанд роз,
Ки «Ҳаргиз надидем з-ин гуна шед,
Рухи ҳамчу гул, рӯю мӯяш сапед!»
Барафрӯхт Рӯдобаро дил зи меҳр
Ба уммеди он, то бубинад-ш чеҳр.
Ниҳоданд динору гавҳар-ш пеш,
Бипурсид Рӯдоба аз камму беш,
Ки «Чун будатон кор бо пури Сом,
Ба дидан беҳ аст, ар ба овозу ном?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё