Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман ба коре рафта будам, аслан моро муваффақият дунболгир аст, агар ақламонро кор фармоем…
– Боз ҳамон коҳи куҳнаро…
– Ин тавр нагўед, имшаб ба хона биёед, маслиҳат мекунем.
– Рафту он пирсагат…
– Не, ин кулбаи ҳардуи мост ва онро касе намедонад. Дар хона бошад, ба модарам гуфтам, ки шаб ба хонаи холаам меравам ва аз фурсат истифода бурда, ба ин ҷо омадам, то дар паҳлўи ту ҷони ширин бошам.
– Рафту ман омада натавонам– чӣ? Охир, ҳамсарам дар хона, чӣ баҳона кунам.
– Ин кори шумо!
– Фармон, медиҳед?
– Не. Моро аз як лой шўридаанд. Мақсад як аст.
– Боз чӣ.
– Он чи ки шумо аз ман мегиред аз ҳамсаратон…
– Ана, дидӣ охир беҳуда нагуфтаанд, ки…
Паланг он замон печад аз кини хеш, Ки нахчир бинад ба болини хеш, – гуфт мард сухани ўро бурида.
– Ҳарчанд ман дигар чиз гуфтанӣ будам, вале ба ақидаатон розиам ва ҳеҷ бовариам намеояд, ки имшаб паланг ба шикори нахчир набарояд…
– Майлат, интизор шав.
– Чао, – гуфт духтар ва гўшаки телефонро ба ҷояш монд.

… 5 …

Ирина Сергеевна Ким чандин сол боз вазифаи котибаи шўъбаро ба ўҳда дорад. Ҳарчанд Акбаршоҳ ҳамагӣ ду моҳ пеш ба ин ҷо омадааст, вале нисбат ба Ирина Сергеевна эҳтиром дорад. Ирина Сергеевна ниҳоят зани ҳалиму меҳрубон ва хоксорест. Акбаршоҳ аз кабинети Додарбеков баромада, дар пеши зинаҳо бо Ирина Сергеевна вохўрд, ки бастаи ҳуҷҷатҳо дар даст ба кабинети сардор мерафт.
– Акбар Ҳакимович дур наравед, ба Шумо мактуб омадааст, – гуфт котиба баъди салому алейк.
– Хуб шудааст.

пешина
аз 416
навбатӣ