Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Давронов ҳарчанд сар ба зер афканда буду ин ҳодисаро намедид, вале ҳис мекард, ки амалиёти кормандони милиса барор мегирад. Ҳозирин ларзиши бадан ва дастони ўро ҳис мекарданд.
Орифӣ санги рахдореро ба даст гирифта, холисонро барои наздиктар омадан даъват карда, бо болғачаи хурде ба рахи санг оҳиста – оҳиста куфт. Баъди ду – се маротиба куфтан санг ду пора гашт. Чун як пораи онро бардоштанд, пораи хурди полуэтиленӣ аз дохили он берун омад. Баробари кушодани он ангуштарин ба чашм расид ва дар рушноии чароғи барқӣ нигини он дурахшид. Дурахши он чунон зебо буд, ки ҳар як бинандаро мафтун мекард…
Орифӣ ангуштаринро ба гўшаи миз гузошта, дохили сангпораро аз назар гузаронд. Дар ҳақиқат Давронов дар шикастан ва кандани ҷойи ангушттарин дар дохили санг заҳмати зиёде ба харҷ дода буд. Бозёфт дар чанд намуд расм гирифта шуд. Ангушттарин ҳамчун далели шайъӣ аз хонаи Давронов гирифта шуда, он дар халтачаи алоҳида бо имзои холисон, гумонбаршуда ва дигар иштирокчиёни ин амалиёт маҳкам карда шуд ва дар ин бора дар протоколи кофтуков қайд гардид.
Исҳоқ Табаров ба холисон барои вақти қиммати хешро дареғ надошта, чанд соат дар амалиёти кофтуковӣ иштирок карданашон аз номи худ ва ҳамаи гурўҳи тафтишотӣ арзи сипос намуд ва ҳамроҳи Акбаршоҳ онҳоро то берун гусел кард.
Хайрият ҳамин шогирдатон маро сари вақт дар бораи авзои беҷойи Давронов хабар дод, вагарна мо бо дасти холӣ мерафтем, – гуфт дар бозгашт муфаттиши прокуратура.
Дар парвандаи мазкур аз мо дида Сафар Ислом ҳиссаи худро зиёдтар гузоштааст, ки банда аз ў миннатдорам.
Ояндаи хуб дорад.
– Бале.
– Алмос дар ҳақиқат зебо будааст, дурахшиданашро дидед?
– Бале. Дишаб ҳикояти «Алмос ва зуғол»–ро хондам.
Ҳатто чанд мисраашро азёд намудам, – гуфт Исҳоқ Табаров.
– Канӣ, мо ҳам шунавем.

пешина
аз 416
навбатӣ