АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Бо назардошти ҳолатҳои ба амаломада директори заводи шарбатбарорӣ Кабировро аз Исфара ҷеғ задан лозим,– гуфт дар охири маҷлиси таъҷилӣ сардори ШКД–и ноҳияи Сарчашма подполковники милиса Ҳамроҳ Қаюмов.
Соате пештар ў дар кабинеташ бо Ғиёс Назаров суҳбат дошт. Аз суҳбат бармеомад, ки собиқ директор Архангелскийй ўро барои Кабиров «ба мерос» монда. Мақтул ҳам бо директор ва ҳам бо ронандааш ишқварзӣ мекардааст. Ана, ёбу гир… Чӣ кўрнамакие… Ба ақидаи Назаров шахсияти мақтул ниҳоят торик буд. Бо ў агар даҳ пуд намакро истеъмол мекардӣ чизеро намефаҳмидӣ.
Ў ба хулосае омад, ки ҳам директор ва ҳам ронандааш меваи як шоханд. Ҳар ду ҳам мисли Дон Жуан…
Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки Назаров то охир ҳақиқатро нагуфт. Чӣ сиррест дар миёна, ки аз гуфтани он худдорӣ мекунад?
Азбаски санҷиши ҳодисаи дишабаро сардори ШКД ба зиммааш гузошт, аз маҷлиси назди сардор баромада, хост рост ба бўстонсарои Кабиров равад, вале гурусна буданашро ҳис намуда, ба чойхонаи сари роҳ даромада, қаймоқу нони гарм тановул кард. Сипас, ба автомашинаи роҳгузаре нишаста, суханони падарро дар бораи ҳаёти муҷаррадӣ ба ёд овард…
Он солҳо ў дар шаҳри Ахалкалакии Гурҷистон хизмат мекард. Боре аз взводи алоқа, ки ў шомили ҳамин взвод буд, барои таъмири хонаи бачагони гарнизон чор нафарро фиристоданд. Таъмир қариб се моҳ давом кард. Аз рўзҳои аввали ба хонаи бачагон рафтан ў бо мураббии гурўҳи шашсолаҳо Новикова шинос шуд. Ҳамин хел шинос. Мураббия бо ишваю ноз рўзе ба аскар гуфт, ки рўзи сешанбе ба хонаи мо биёед, мизи шикастае дорем, онро таъмир намоед.
Сешанбе ба рўзи якуми декабр рўзи оғози дарси ҳарбиён рост омад ва он чор нафарро ҳам аз боғчаи бачагон ба қисми ҳарбӣ даъват намуданд ва аскар дар вақти таъинкардаи мураббия ба хонаашон рафта натавонист. Рўзи шанбе онҳо аз нав ба боғча омада, ба таъмир пардохтанд. Соати ёздаҳ ў аз роҳбари гурўҳ рухсат пурсида, барои таъмири мизи хонаи мураббия рафт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё