Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сержанти милиса Сафаров, ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид ва марди ношиносеро, ки ба тарафи бўстонсаро меомаданд аз дур дид, ў сару либосашро бори дигар аз назар гузаронида, баробари ба бўстонсаро наздик шудани он ду нафар чанд қадам ба пешвозашон гузошта ба таври низомӣ ба лейтенати калони милиса гузориш дод.
Ба барвақтии рўз нигоҳ накарда Сорбони Ҳомид ҷунбуҷули чанд нафареро дар бўстонсароҳои гирду атроф дид ва аз милисионер Сафаров хоҳиш кард, ки ду нафарро ҳамчун шахси холис ба назди онҳо даъват намояд.
– Хуб шудаст, рафиқ лейтенанти калон,– гўён Сафаров аз пайи иҷрои супориши ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуд.
Дар иштироки соҳибхона ва ҳузури холисон муҳри коғазини дари бўстонсароро канда ҳама дохили он шуданд.
Ба иштирокчиён ҳуқуқу вазифаҳояшон пурра фаҳмонда дода шуд ва лейтенанти калони милиса аз Қамар Абдулғаниевич хоҳиш кард, ки ҳамаи ҳуҷраҳои бўстонсароро як бори дигар аз назар гузаронад ва аз куҷо чиро бурдаанд гап занад.
Дар давоми як соат Кабиров ба вазъи дохилии бўстонсаро шинос шуда гуфт, ки дар болои мизи кориаш ҳайкалчаи биринҷии Кутузов меистод.
– Ана, ҳамон ҳайкалчаро намебинам, дигар ҳама чиз дар ҷояш.
– Шояд дар байни китобҳо ягон чиз буд?
– Гап зан охир, ҳамон расм ҳамин ҷо – ку нидо омад аз қалбаш.
Ў лаҳзае ба расми гуле, ки дар оҳан кандакорӣ шуда, дар девори пеши дари кабинети кориаш овехта шуда буд, нигариста ҳамоно нигоҳашро ба дигар тараф гурезонда гуфт.
– Не, ҳама чиз дар ҷояш.
– Ба фикри шумо шахсе, ки ба чунин ҷинояти мудҳиш даст задаст, фақат барои бурдани ҳайкалча ташриф овардааст,– сахт карда гуфт Сорбони Ҳомид.
– Дар ҳақиқат ҳеҷ чизро набурдааст, ман чи тавр метавонам дар ҳаққи як кас тўҳмат кунам?
– Пас ин ҳама бесарусомониро дар китобхона чи гуна шарҳ медиҳед?
– Ман ҳеҷ чиз гуфта наметавонам.

пешина
аз 416
навбатӣ