Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Бале.
– Дар хонаи кӣ?
– Дар хонаи як шиносам.
– Ному насабаш?
– Чӣ магар дар хонаи кӣ буданамро донистани шумо шарт аст?
– Албатта. Бигўед, ки шаби 24 ба 25 феврал дар куҷо будед?
– Он шаб дар хона будам.
– Кӣ дар хона буданатонро тасдиқ мекунад?
– Ҳеҷ шуморо нафаҳмидам рафиқ майор, агар ман гуноҳе содир карда бошам, рушантар гап занед.
– Ҳамаашро мефаҳмед. Ҳоло, бигўед ки дар хона буданатонро шаби 24 ба 25 феврал кӣ тасдиқ мекунад? – Ҳамсаратон?
– Не он шаб ў дар хона набуд, ба замми ин ман дер рафтам ва намедонам ягон кас аз ҳамсояҳо маро дид ё не.
– Ҳамсаратон куҷо буд?
– Ў он шаб ба шаҳр омада буд, бояд субҳи рўзи биступанҷуми феврал ба айёдати модараш ба шаҳри Тошканд мерафт.
– Чаро шумо ўро гусел накардед?
– Ба шумо донистани тарзи зиндагии дигарон ҳам зарур аст?
– Бале!
– Аз кай боз милиса ба чунин корҳо машғул аст, магар корҳои аз ин заруртаре нест?
– Нест!
– Ҳеҷ гумон надоштам, ки рўзе мерасаду милиса тарзи зиндагии моро мавриди омўзиш қарор медиҳад. Шояд ҳамсари ман ягон хешу таборатон бошаду аз мансаб истифода бурда, барои дифояш омада бошед. Вале дар понздаҳ соли зиндагӣ Шуморо бори аввал мебинам. Бино бар ин шафтолуи гапро гуфта монед. Аз дусар ман аз фикрам намегардам ва аз хешовандатон агар хешие дошта бошед , ҷудо мешавам…
– Мебинам, ки одоби муомиларо ҳам намедонед ва агар ман бо мақсади дигаре ғайр аз кори хизматӣ омада бошам, метавонед ба роҳбарияти ман шикоят кунед.
– Ба фикрам ҳамин хел мешавад.

пешина
аз 416
навбатӣ