Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Шуморо бовар мекунонам, рафиқ подполковник, ки рафти воқеаҳоро на тафтишот, балки худи Кабиров тезонидааст.
– Далел?
– Ба фикрам Кабиров на як бору ду бор ба таҳдиди соҳиби расм даст задааст. Чӣ хеле мегўянд кўзаро на ҳамеша аз лаби об бе осеб бармегардонанд. Ба замми ин коса, ки лабрез шуд, албатта, мерезад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шумо худатон шоҳид, ки мутахассисон он гиреҳро ба солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ташбеҳ доданд ва барои муайян кардани он ҳатто ба адабиётҳои гуногун муроҷиат карданд. Аз ҳамин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки соҳиби расм агар куштор ба ҳамин сабаб содир шуда бошад, ба таври росхата ба гурўҳҳои диверсионии армияи фашистӣ алоқа доштааст. Дар ин ҳолат ў аз 60 сола болост. Дар акси ҳол агар Кабиров дигар хел расмро марвиди шантаж қарор дода бошад ва ҷинояткор ба мақсади аз байн бурдани сири хеш ба хизмати чунин шахсон муроҷиат кардааст. Аз ин рў, аъзои гурўҳи террористӣ ва диверсионии фашистӣ агар дидаю дониста чунин гиреҳро ба ҷинояткор нишон дода бошад, ў низ мустақиман ба ин ҷиноят ҳамиштирокчӣ шудааст. Вале ба фикри ман дар расм шахсе аксбардорӣ шудааст, ки бо гурўҳҳои фашистӣ алоқа дошт.
– Фикри бад не, вале барои исботи он далел лозим. Охир Кабиров дар ҶБВ иштирок накардааст, пас ў чунин расмро аз куҷо мегирад?
– Дар солҳои ҷанг ҳам буданд одамоне, ки рўзи мабодоро фикр мекарданд.
– Албатта, онҳое ки рўзи мабодоро фикр мекунад ҷанг ҳам барояшон монеъа шуда наметавонад. Акнун, шумо гўед ки чӣ хел шуда оне рўзи мабодоро фикр кардааст, худаш нею расмро барои таҳқир намудан ба дасти Кабиров додааст?
– Ҳоло ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам, вале баъди ҳаматарафа омўхтани ҳаёту фаъолияти мақтул ба ин суол ҷавоб додан мумкин.
– Беҳтар мешуд, ки барои ман он расмро меёфтед?
– Мо ҳам мекушем, вале ваъдаи аниқ дода наметавонем.
– Мефаҳмам, вале чӣ хел бародарони рус мегўянд:
«попытка не пытка».

пешина
аз 416
навбатӣ