Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қаюмов гўшакро ба ҷояш гузошта, гуфт ки фардо прокурор дар тамоми фронт ба ҳуҷум мегузарад ва оё разведкаи муҳтарам барои сардори фронт ягон хабаре дорад.
– Ҳамаи хабарҳои разведка дар ҳамин ҷо, рафиқ подполковник,– гўён ў ҳуҷҷатҳои дар дасташ бударо ба дасти сардор дод.
Қаюмов ҳамеша ба навиштаҷоти Сорбони Ҳомид диққати махсус медод. Ў борҳо таъкид карда буд, ки дигарон ҳам бояд фикру андешаи хешро чун лейтенанти калон Сорбони Ҳомид ба қалам дода тавонанд. Сардори ШКД бо мароқи том ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардаи Сорбони Ҳомидро хонда гуфт:
– Наход аз Архангелский гумонбар шавед, охир ў солиёни зиёде дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва агар ў хоин мешуд,

магар ба чунин вазифаҳо мерасид? Не, не, намешавад…
«Номзади арзандатаре» дар рафти тафтишот наёфтем ва ман ҳатто дар атрофи дигар назаряҳо кор карданро ҳам беаҳамият мешуморам. Охир, тайи ин се рўз сад ҳам набошад, вале навад фоиз ба ҳаёту фаъолияти мақтул шинос шудем ва ба хулосае омадем, ки Кабиров бо роҳи таҳдид ба сари мансаб омадааст.
Сардори ШКД, ки на як бору ду бор бо ҳамроҳи Сорбони Ҳомид масъалаҳои аз ин ҷиғилтареро кушода буданд ва ба ў боварии куллӣ дошт, ҳамаи тарафҳои масъалаи мазкурро бо баду некаш пеши назар оварда гуфт:
– Майлаш сари субҳ ҳамин назарияи шуморо дар якҷоягӣ бо прокуратура санҷида мебароем…
… 49 …

Субҳи рўзи 18 май ҳарду команда дар кабинети кории сардори ШКД ҷамъ омаданд. Қаюмов ҳозиринро ба воқеаҳои се рўзи охир шинос карда, фикру андешаи хешро дар атрофи назарияи пешниҳодкардаи Сорбони Ҳомид иброз намуд.
– Наход Архангелский? Охир, ў ниҳоят марди мулоимтабиат аст, – эътироз кард прокурори ноҳия Эмомов.
– Ман ҳам аввал дар ҳамин андеша будам, вале ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шинос шуда, ба хулосае омадам, ки то ҳамин назарияро санҷида, онро қабул ё рад накунем, санҷидани ҳама назарияҳои дигар ин танҳо вақтро беҳуда сарф кардан аст.

пешина
аз 416
навбатӣ