Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Пас кай вомехўрем?
– Бегоҳии Соли нав.
– Не, бегоҳи Соли нав модарам манро ба ягон ҷо рафтан намемонад.
– Ман шаби Соли нав ба хонаатон меоям.
– Ба хонаамон?
– Ҳа.
– Ба падару модарам чӣ гуям?
– Ман мефаҳмонам. Фаҳмо!
– Фаҳмо.
– Набошад хуш бош, то дидан.
– Шумо ҳам хуш бошед…
… 16 …

Сафар Раҷабов аз натиҷаи ташхис қаноатманд нашуд, зеро ташхиси дактилоскопӣ, ки тафтишот ҳамеша ба натиҷаи он таваҷҷуҳи бештаре дорад, қариб, ки бенатиҷа буд. Нақши ангуштони аз ҷойи ҳодиса гирифта шуда дар бойгонии ЭКО нусхаи хешро наёфтанд. Ин аз он шаҳодат медод, ки «сайёҳи шабгард» бори аввал ба ҷиноят даст задаст. Фақат як чиз боиси таваҷҷуҳ буд, ки нақши ангуштони дар тирезаи дафтари кории инженер– технолог монда, бо нақши яке аз ангуштони дар дари сейфи касса мондашуда монандӣ дорад…
Муфаттиш инчунин аз хулосаи ташхис оид ба моли як фабрикаи тамокубарори будаи сигори аз дохили касса ёфташуда ва сигорети аз болои замини карер ёфташуда қаноатманд шуд.
Раҷабов аз хулосаи ташхис ба воситаи телефон ба Абдумаҷидов хабар дода гуфт.
– Дар азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз ҳамаи мо дида хизмти Шумо бештар аст, рафиқ лейтенант.
– Бо Шумо ҳамақида шуда наметавонам, – Сафар Бобохонович.
– Чаро?
– Як кас дар майдони ҷанг аскар нест.
– Шуморо фаҳмидам.
– Набошад гўед, ки натиҷаи ташхиси трасологиро кай мегирем?

пешина
аз 416
навбатӣ