Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дадот ба бозор рафт. Ўро гург намехурад парво накун,– гуфт Мария Данилова.
Дар ҳамин гуфтугу буданд, ки Василий Василевич Матитсин ду турхалтаи калоне дар даст вориди хона шуд.
Наташа турхалтаро аз дасти падар гирифта, дар кашидани боронӣ ва пойафзолаш ба ў ёрӣ дод.
– Илоҳо дар соли нав бахт ёрат шавад,– гуфт падар. Ў оҳиста зери лаб омин гуфта, турхалтаро ба ошхона бурд.
«Кабинети кори» Мария Данилова чун ҳамешаги тозаю озада буд. Аз ин рў Наташа маводи дар дохили турхалтаро бароварда, қисмеро ба яхдон ва қисми дигарро ба қуттиҳои ҷевони ошхона ҷо ба ҷо кард. Ў аз сари субҳ то ҳоло, ки ақрабаки соат ба шонздаҳ наздик мешуд, ба корҳои модар дар ошхона ёрӣ дод ва модар ба ў рухсат дод, ки тағири либос карда, дар берун ҳавои тоза гирифта биёянд…

… 33 …

– Диққат! Диққат! Самолёте, ки аз Ленинобод ба Душанбе омад ба замин фаромад.
Камол низ чун дигар пешвозгирандагон ба тарафи баромадгоҳи сеюми фурудгоҳ рафт…
Фаришта аз дур Камолро шинохт.
– Соли нав муборак!
– Соли нав муборак, оча!
Онҳо гарму ҷўшон вохўрӣ карданд. Камол фарзанди ягонаи модар аст. Агар Фаришта аз ҳар шавҳар як фарзандӣ мезоид, ҳоло Камолро боз шаш акаю уко буд, вале афсўс модар дар вақташ ба қавли баъзеҳо «фигураашро» вайрон кардан нахост.

– Хайр корҳоят чӣ хел?
– Баъд не.
– Офарин!
– Оча.
– Чӣ бачам.
– Ду рўз пеш як ҷавон ба суроғи шумо омада буд, номаш Акбар.

пешина
аз 416
навбатӣ