АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Онҳо ду сол дар як колонои ислоҳи меҳнатӣ ҳукми судро адо намуданд. Ҳарду ба дорулахлок бори аввал омада…Ҳарду ҳам ба қавли мардум дузди гузаро. Ҳарду ҳам дар як ақидаанд, ин ҳам бошад пули бедарди миён ба даст овардан. Аслан кор кардан барои дузд шараф нест. Чӣ лозим ҷонро азоб додан? – Ба одам Худо ақл додаст,– мегуфт Руслан. – Онҳое, ки ҷон канда бо нуги сўзан пул ҷамъ мекунанд мардуми хасисанд ва мо бояд ақли чунинҳояшро ба ҷояш биёрем. Ў Русланро ҳамроҳи духтараки зебое дида дилаш таҳ кашид ва вақте, ки Руслан ўро ба тарабхонаи «Вахш» даъват кард гуфт, ки Суман (духтаракро чунин ном будааст) дугонаашро ҳам ҳамроҳ меорад. Албатта, бо дасти холӣ ба тарабхона рафтан маъние надошт. Рафту Руслан ҳам пул надошта бошад чӣ? Пас духтарон чӣ мегўянд?
Чӣ хел мард, ки занро ба тарабхона даъват карда қиссаҳояшро афшонда омадааст? Бо ҳамин фикру хаёл ў аз Руслану Суман ҷудо шуда ба хона омад. Ҳарчанд дар сину сол аз Руслан калон буд, вале ҳавасу ҳавои нафс ўро ором нагузошт ва он ду ҳазору шашсад сўми рахашон нашикастаро, ки чанд рўз пеш барои маслиҳат аз шогирди навтарбиякардааш чун ширинкома гирифта буд, ба ҷайб зад. Ўро ҳаваси дар тарабхона бо гулдухтарон рақс намудан ором намегузошт. Маҳз ҳамин фикру хаёли ноҷо ва нашикастани сухани «дўст» ўро ба вайрон кардани маҳдудиятҳои қоидаи назорати маъмурӣ тела дод.
Охир ба Суману дугонааш фаҳмонда мешавад, ки ман дар зери назорати милисаам… Кайфиати рақси дишаба то ҳанўз дар ёдаш нақш баста, вале ана натиҷаи дилхушии дишаба, ана натиҷаи дар бари худ гирифтани пули бедарди миён ба даст омада. Аз чӣ бошад, ки ў мақоли халқии «Уштура гуфтанд ғамза кун полиза вайрон карду рафт…»– ро ба ёд оварда таббасуме кард.
– Чаро механдед? – пурсид Абдумаҷидов, ўро аз байни хаёлоти ширинаш берун оварда.
– Ҳамин хел як мақол ба ёдам омад.
– Мо ҳам шунавем чӣ?
– Дирўз маро ҳавои рақс ба сар омаду ба тарабхона рафтам ва ана натиҷааш, охир мардум нагуфтаанд, ки «уштура гуфтанд ғамза кун, полиза вайрон карду рафт…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо