АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Чунки дар бораи кадом ҷиноят гап задани маро шумо нағз медонед.
– Не, ман намедонам, ана ҳамон Тўфонро ёфта пурсед, ки ў ба ман пул қарз додааст ё не?
– Албатта ёфта мепурсем, вале то муайян намудани шахсияти Тўфон шумо дар ҳамин ҷо мемонед.
– Ман ҳам қонунро медонам, шумо аз се шабонарўз беш маро дар ин ҷо нигоҳ дошта наметавонед ва ман алакай дувоздаҳ соат боз инҷоям. Агар дар муҳлати шаст соати дигар шумо гуноҳи маро бо далелҳо исбот накунед маҷбуред, маро озод намуда, ҳатто бахшиш ҳам пурсед.
– Мо кушиш мекунем, ки кор то бахшиш пурсидан нарасад.
– Мебинем…
… 38 …
– Дилафрўз!
– Ҳа, бале.
– Аз куҷо омадӣ?
– Очам гуфт, ки шумою бибиам бегоҳ ҳатман ба хона биёед.
– Тенҷӣ– мӣ?
– Бобоҷон ҳатман бибиамро гирифта ба хона биё,– гўён Дилафрўз аз пеши дарвозаи завод, ки лаҳзае пеш дарвозабон бо хоҳиши духтарак мўйсафед Мадалиевро ҷеғ зада буд дур шуд.
– Ин духтарак кӣ?– пурсид дарвозабон.
– Набераам,– гуфт мўйсафед.
Чӣ ў ягон хабари нохуш овард, ки таъбатон хира гашт.
– Не, ў ману бибиашро бегоҳӣ ба хонаашон таклиф намуд, ман бошам имшаб навбатдор ҳастам..
– Ҳамин ҳам боиси ташвиш шуд магар, акои Каримро гап зан ба ҷоят меистад, фардо боз шумо ба ҷойи ў меистед.
– Ба фикрам ҳамин хелаш беҳтар,– гўён Мадалиев ба тарафи участка, ба ҷустуҷўйи Раҷаб Каримов рафт…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо