АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Рафиқ майор, дар кўчаи Заргарон, дар наздикии роҳи оҳан ҷасади занеро ёфтаанд.
– Дар ин нисфи шаб кӣ ўро дидааст?
– Аввал, ин ки аллакай субҳ дамидааст.
– Дуюм чӣ?
– Дуюм шахсе, ки ба милиса муроҷиат кард, дар ҷойи ҳодиса шуморо интизор аст, – гуфт навбатдори шўъба, лейтенанти калони милиса Асо Қаландаров.
Акбаршоҳ чароғ даргиронда, либосҳои дар қафои курсӣ овехтаашро пўшиду ба ошёнаи якум ба шўъбаи навбатдорӣ фаромад…
Автомашинаи милиса лаҳзае пас аз «Ёрии таъҷилӣ» ба ҷойи воқеа омад. Духтурон аллакай дар тараддуди рафтан буданд. Маълум буд, ки ҷабрдида дигар ба ёрии онҳо муҳтоҷ нест. Духтури ҷавон гурўҳи фаврии милисаро дида гуфт:
– Касе бо ягон асбоби сурохкунанда ба дилаш задааст.
– Вақташро муайян накардед? – пурсид Абдумаҷидов, ки сарварии гурўҳи фавриро бар ўҳда дошт.
– Ҳамагӣ нимсоат пештар ҷон додааст, – гуфт духтур ва ба автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» нишаст. Чун он аз назар ғоиб шуд, автомашинаи дигаре дар паҳлўи автомашинаи милиса омада истод ва аз он муфаттиши прокуратура Исҳоқ Табаров ва ташхисгар Иван Сунсов берун омаданд.
– Ана, ҳамин кас мақтулро дида, аввал ба «Ёрии таъҷилӣ»
ва сипас ба милиса занг задаанд, – гуфт Акбаршоҳ марди панҷоҳ – панҷову панҷ солаеро ки дар паҳлуяш рост меистод, ба Табаров ва Сунсов муаррифӣ намуд.
– Хоҷаев Собит Абдуллоевич ба навомадагон даст дода худро бори дигар муаррифӣ кард ў.
Ҳар кас аз рўйи вазифаи хеш ба кор пардохт. Сунсов ба азназаргузарони мақтул, Табаров ба тартиб додани протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, Абдумаҷидов ба пурсиши Хоҷаев, Орифӣ ба расм гирифтани ҷойи ҳодиса…
Мақтул аслан зани чилу як – чилу ду сола буд, ки дар натиҷаи зарбаи корд ё асбоби суфтаи тез дар дилаш ба ҳалокат расидааст.
– Дар ҳақиқат марг ҳамагӣ ним соат пештар ба вуқуъ пайвастааст, – гуфт Сунсов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё