Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳамоне, ки ҷинояткорро, ҳарчанд барои ба забон овардани ин сухан ман ҳоло далели пурра надорам, аз ташрифи хеш ба милиса огоҳ месозад, дастонаш пок нестанд.
– Ба гуфти шумо ман киро аз ташрифи хеш ба ин ҷо огоҳ намудаам?
– Камолро.
– Ана шумо дар бораи кӣ бо телефон гап мезадед? Дар ҳақиқат ман сари қадам ба хонаи Камол рафтам, вале дар хона касе набуд ва аз пеши хона бар гаштам, чӣ магар ба хонаи шахси дўстдоштаат рави гуноҳ аст?
– Гуноҳ нест ба шарте, ки ўро аз мақсади ташрифат хабар намекардед?.
– Ман аллакай гуфтам, ки Камолро надидам.
– Вале огаҳаш кардӣ?
– Охир ман ўро надидам, чӣ хел огаҳаш мекардам.
– Бо хатча.
– Инро аввал исбот кардан лозим.
– Исботи ин он қадар душвор нест.
– Чӣ хел?
– Чунки аллакай он мактубчаи шумо дар дасти мост.
– Дурўғ, дурўғ, шумо ҳамин хел пешгирӣ мекунед, то ки аз ман гап гиред, дар бораи милиса ҳамин хел гапҳо мегуфтанд, бовар намекардам ва акнун аз дурусти сухани мардум боварӣ ҳосил кардам.
– Дар бораи милиса мардум ақидаи нағз доранд ва он чӣ, ки шумо шунидаед ин ақидаи як гурўҳи хурд аст, ки чун шумо ва Камол қонунҳои умумибашариро риоя кардан намехоҳад ва барои ин бо кушиш бевоситаи милиса дар назди қонун ҷавоб додаанд, мебошад.
– Агар чунин аст, пас чаро ба касал будани ман бовар намекунед?
– Бовар мекунам, ба шарте касал буданатонро исбот мекардед?
– Гуфтам, ки ба духтур муроҷиат накардам, вале бобою бибиам шоҳиди ин ҳоланд?
– Чӣ магар бобою бибиат тамоми шаб ҳамроҳат буданд?
– Бобоям то қариби соатҳои чори субҳ ва бибиам то рўз ҳамроҳам буданд.

пешина
аз 416
навбатӣ