Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

заволе ба ҷаҳон» аз дил гузаронд ў ва сар бардошта лаб ба сухан кушод:
– Намедонам Камол ба кадом хотир бо ман шинос шуд? Ба фикрам ў пешаки ягон мақсаде ба ҷуз ишқ дар дил надошт…
Рўзи 26 – декабр ў баъди нисфирўзӣ ба хонаи бобоям занг зада, маро ба вохўрӣ таклиф кард. Дар он вохурии кутоҳ ҳамаги ним соат ў ба ман гуфт, ки бо як ҷўрааш шарт намудааст, ки метавонад бобои маро аз соати дувоздаҳ то чори шаб аз ҷойи кораш бо фиреб ба хонааш фиристад. Сабабаш ҳамин, ки он ҷўраи Камол бобоямро ҳамчун коргари хуб мешинохтааст ва гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ чун аскар ҷойи хизматашро нахоҳад партофт. Агар ту аз ўҳдаи кор баройи ман ба муҳаббати ҳақиқии ту бовар хоҳам кард. Ва ман маҳз барои исботи ишқи хеш дар вақти таъин кардаи Камол ҳамин саҳнаро аз рўйи сенарияи пешниҳод кардаи Камол ба анҷом расонидам ва сари субҳ бехабар аз ҳама гапҳо боз ба ҷойи вохўрӣ шитофтам ва тамоми рўзу он шаб ҳамроҳи Камол будам. Ман он рўз ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наовардам, ки кассаи заводро ғорат кардаанд. Субҳи дигараш ба хонаи бобоям рафта гуфтам, ки ба хонаи модарам рафта будам ва аз ҳодисаи дар завод рухдода огоҳ шудам. Азбаски кор маҳз бо гуноҳи ман рух дода буд, муҳри хомўшӣ ба лаб задам ва дар вохўрии навбатӣ аз Камол ба хонаамон фиристодани хостгорро талаб кардам. Ҳар чанд ў ба гуноҳи худ иқрор нашуд, вале ман ҳис намудам, ки ў метарсад. Маҳз ҳамин чиз ба ман имконият дод, ки ўро барои фиристодани хостгор маҷбур намоям. Ба фикрам Камол ҳатто ба завод ҳам нарафтаст ва ин кори каси дигар аст ва Камол ҳам чун ман мубталои фиреби ў гардидааст.
– Пас он шахс кист?
– Ман намедонам, вале аз воқеаҳои дохили завод пурра бохабар аст.
– Оё шоҳид Одилов Усмон ва ё Тўфонро мешиносад?
– Не, бори аввал мешунавам, шояд Камол шиносад онҳоро.
– Чаро дар ин бора ба милиса хабар надодаед?
– Ин баробари ба пойи хеш теша задан буд.
– Дар хатчаатон ба Камол чӣ навиштед?
– Ўдар бораи шумо чанд бор ба ман гап зад ва аз баски ман шуморо дар остонаи хонаи модарам шинохтам ва чун фаҳмидам, ки милисаед дар ин бора ўро огоҳ намудам ва навиштам, ки шумо аз воқеаҳо огоҳед ва ў эҳтиёт бошад…

пешина
аз 416
навбатӣ