Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Наташа аз оринҷи ў дошта, майли ҳаракат кард. Онҳо хело дар кўчаҳои шаҳр сайр кардаанд…
Пас аз вохўрии кутоҳ ва гусели Наташа Абдумаҷидов боз ба милиса омад ва ба воситаи мухобира ба дидбонгҳои назорати берунӣ ба алоқа баромад ва чун фаҳмид, ки ҳанўз дигаргуние нест ба утоқи кории муфаттиш рафт…

… 52 …

Дар поёни рўз ба милиса ҷеғ задани хешро Ҳотам Мадалиев фоли нек напиндошта бошад ҳам ба милиса омад.
Милисионери навбатдор ўро то утоқи кории муфаттиш гусел намуд. Раҷабов ва Абдумаҷидов дар кадом масъалае баҳс доштанд ва баробари ба утоқи корӣ ворид шудани милисионеру Мадалиев муҳри хомўшӣ ба лаб заданд.
Мадалиев ин дафъа ҳам нишондоди авввалаашро такрор кард. Муфаттиш ҳарчанд кушиш намуд, ки мўйсафед ба гуноҳи хеш, ки онро ҷуз хунукназарӣ дар хизмат чизи дигар номидан ғайриимкон аст иқрор шавад, нашуд. Мадалиев ду пойро ба як муза андохтани шуда, исбот кардани мешуд, ки он шаби наҳс аз бинои маъмурии завод қадаме берун нагузошта буд.
Чӣ илоҷ афсўс, ки шумо маро нафаҳмидед, вале дар урфият мегўянд, ки «Гувоҳи рўбоҳ думи ўст» гуфт муфаттиш ва бо далелҳои рад нашаванда (нишондоди Шафоатова) ба «ҳуҷум»
гузошт.
Мадалиев нишондоди набераашро шунида, лолу карахт шуд. Ў бо табъи хираю сари хам ҳамоно хомўш менишаст.
Ниҳоят сар бардошта, буду шуди воқеаро нақл кард ва нақли ў нишондоди набераашро боз ҳам мукамалтар сохт. Бар хилофи набера ў Тўфон ва Одиловро ҳам мешинохтааст. – Худи ҳамон рўзе, ки барои коргарон маош овардаанд, Тўфон дар завод мегашт, – гуфт дар интиҳои нақлаш мўйсафед.
Раҷабов аз Мадалиев барои таъғир надодани ҷойи истиқоматаш забонхат гирифта, барои рафтанаш рухсат дод.
Пас аз рафтани мўйсафед ҳам онҳо боз ба андешаҳои хеш ғутта заданд…

пешина
аз 416
навбатӣ