Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тамоми роҳ ўро як фикр ором нагузошт. Модоме, ки ўро милиса ба зери назорати маъмурӣ гирифтааст, пас ў дар лагерҳои ислоҳи меҳнатӣ ислоҳ нашуда, боз фазои ин идораро ғуборолуд намуда будааст. Шояд ҳамон оламе, ки мақтул шомилаш буд, ўро ба «нафақа» гуселонида бошад…
Дар шўъбаи навбатдорӣ ў ба матни пурраи телефонограмма шинос шуда, ба китоб имзо гузошту ба ошёнаи дуюм баромада истода таҷрибаомўзро дид.
– Хуб, корҳо чӣ хел?
– Бад не, супоришро иҷро кардам, – гўён Сафар чанд варақро ба дасти ў дод.
Акбаршоҳ ба қироати коғазҳои шогирд, ки бо ҳарфҳои зебо навишта шуда буд сар кард:
Алмоси Сансӣ хеле зебо ва чун оби зулол шаффоф аст. Он аслан аз Ҳинд буда, сипас ба Аврупо оварда мешавад ва моли Карли Бургундӣ мегардад. Ҳангоми муҳорибаи Нанси пас аз қатли ў алмос гум шуд. Баъдтар як аксари швейсарӣ онро ёфта, бо маблағи ночизе ба руҳоние мефурўшад. Соли 1489 ин алмос ба дасти шоҳи Португалия – Антон меафтад, вале ў дар замони танқисии маблағ ба марди фаронсавие ба қимати 100 ҳазор франк онро иваз мекунад. Пас алмос ба дасти Ле–Сансӣ ном шахс меафтад. Сансӣ, ки сафир буд, алмосро чун гарав ба шоҳи Фаронса Генрихи 3 мефиристад. Аммо хизматгори онро бурдаистода дар роҳ ба дасти ғоратгарон меафтад. Азбаски дўздон аз будани алмос дарак надоштанд, чизҳои дигарро мегиранд ва хизматгорро мекушанд. Мувофиқи шарти пешакӣ, дар ҳолати рух додани чунин ҳодиса, хизматгор бояд алмосро фурў мебурд. Пас аз гурехтани дуздон одамони Сансӣ ҷасадро ба назди ў меоранд ва бо фармони соҳиб шиками ҷасадро шикофта алмосро берун меоранд. Баъдтар ин алмос ба дасти шоҳи Британияи Кабир – Якови 2 ва шоҳи Фаронса – Людовиги 15 меафтад. Дар охир соли 1835 князи рус – Павел Демидов ин алмосро ба 1,5 миллион рубл барои императори рус мехарад…
– Акнун дилам аз шумо пур Сафарҷон, офарин! – Ҳоло бароятон супориши қатъӣ медиҳам. Ба ШКД ноҳияи Маркази рафта, дар бораи Ўроз Кабудов, ки зери назорати маъмурӣ будааст, маълумот ҷамъ намоед.

пешина
аз 416
навбатӣ