Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ман дар хона офтоби худро дорам ва ба ҳама дигар тобишҳои сунъӣ эҳтиёҷам нест. Ба шумо ҷавоб. Боз даъват мекунем…
… 26 …

Ҷамол Давронов дар вақти таъиншудаи даъватнома ба милиса омад. Дар утоқи кории Абдумаҷидов муфаттиши прокуратура Исҳоқ Табаров ва таҷрибаомўз Сафар Ислом низ ўро интизор буданд.
Давронов даъватномаи дар дасташ бударо нишон дода гуфт, ки намедонад дар ин сину сол ба милиса чӣ хидмати ў лозим будааст.
– Марҳамат, гузашта шинед ҳозир ҳамаашро мефаҳмед, гуфт Акбаршоҳ ва дигар нишастагонро низ ба Давронов муаррифӣ намуда, гуфт ки ўро ба сифати шоҳид даъват намудаанд.
– Бо кадом кор?
– Тоқат кунед ҳамаашро мефаҳмед.
– Фамилия ному насабатон?
– Давронов Ҷамол Алиакбарович.
– Соли таваллуд.
– 1932.
– Ҷойи таваллуд.
– Кишвари Красноярски РСФСР.
– Ихтисос?
– Ман ду ихтисос дорам, кадомаш ба шумо лозим?
– Ҳардуяш.
– Санъатшинос ва геолог.
– Ҷойи кор?
– Нафақахўр.
– Хуш, акнун, бигўед ки шумо Зубайдова Замира Аскаровнаро мешиносед? Агар шиносед кай ва чӣ хел шинос шудед?
– Ана, гап дар куҷо будааст, аз дил гузаронд ў, вале хомўш истод…
– Хуб гап занед, аниқтараш ба савол ҷавоб диҳед.
–Ман занеро бо ҳамин ном мешиносам, вале фамилияву насаби ўро напурсидаам ва агар мефаҳмидам, ки ў рўзе аз болои ман ба милиса шикоят мекунад, асло ба ў шинос ҳам намешудам.

пешина
аз 416
навбатӣ