Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лаҳзае пас Ҳасан Шовалиев дар кабинети сарваколатдори кофтукови ҷиноятӣ менишаст…
Аз байн дў рўз гузашт, вале назорат аз қафои Давронов натиҷае надод. Ҷамол аслан бо ягон нафаре, ки таваҷҷуҳи милисаро ҷалб карда тавонад вонахўрд. Шояд ў бо телефон корҳояшро тахт карда бошад, вале прокурор Олимӣ барои гўш кардани телефон розигии хешро надод. Ба таври дигар гўем ў ба таваккал нарафт. Шояд андешаи нигоҳ доштани курсии мансаб, ки бо як хато метавонист тахти давлаташро ба ларзиш биёрад, ўро аз кори таваккалӣ боздошт.
Сардори гурўҳи назорати берунӣ, нозири минтақавӣ лейтенанти калони милиса Ҳакимов ба воситаи телефон ба Акбаршоҳ дар ин бора хабар дод.
– Гўшам ба шумо Ҳасанбой.
– Ман ҳеҷ мақсади ҷеғ задани шуморо нафаҳмидам, рафиқ майор.
– Ба андешаи худатон сабаби чунин ташвиш доданамон чист?
– Ман чун гови аълоям, дар ноҳияи худамон, чӣ ҷиноят, ки шавад бандаро бурда истинтоқ мекунанд. Акнун навбат ба ноҳияи шумо расид – чӣ? Охир як хаттое, ки дар ҷавонӣ кардам, «мукофоташро» низ гирифтам, наход то қиёмат почаки маро сар надиҳед.
– Модоме, ки барои кирдорҳои пештараатон «мукофоти»
хешро гирифтаед, ёдовар шудани онҳоро, ки захми дили шуморо тоза мекунад, лозим намешуморам. Ба таври дигар гўем «ба гузашта саловот».
– Ташаккур.
– Акнун бигўед, ки чаро шаҳрванд Эшонова Зулхумор Каримовнаро зада маҷрўҳ кардед?
– Барои як фоҳиша шуда худатонро ташвиш додед, рафиқ майор.
– Агар фоҳиша бошад, пас чаро шумо чун магас ба ў часпидаед?
– Ҳол он ки медонед Эшонова дар батнаш тифли дигареро мепарварад. Магар ин роҳи мардист?
– Бовар кунед, ман нафаҳмидам, ки чӣ хел ба доми ин духтари шайтон афтидам. Вақте ки ба худ омадам аз торҳои танидаи ў берун омада натавонистам.

пешина
аз 416
навбатӣ