Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мустаҳкам месозад. Ӯ бояд бовар дошта бошад, ки адолату ҳақиқатпарастӣ роҳи дурусту ягонаи инсонӣ буда, доимо дар назари Худованди бузург мебошад. Аз ин хотир, қаноатмандӣ ва сабру тоқат, бахшояндагии сустназмон, нишонаҳои хештаншиносии сарварӣ мебошад. Бояд гуфт, ки ҳолати тасодуфан хатое содир кардани сарвар, ислоҳи саривақтии он ва бахшишпурсӣ низ аз қонунияти хештаншиносӣ буда, ӯро боз ба роҳи ҳақ ҳидоят менамояд. Чунин рафтори неки ӯро кормандон қадр намуда, гуноҳашро бечунучаро мебахшанд ва иззату эҳтиромаш дар назди онҳо боз ҳам баландтар мегардад. Дили пур аз меҳру муҳаббат ва инсондӯстии роҳбари хештаншинос дар ҳолати тасодуфан хатое содир намудан, боз ба ҳамон дарде гирифтор мешавад, ки то ислоҳи он ӯро ором намегузорад. Дили ин гуна роҳбар саршори меҳру муҳаббат буда, аз ҳар гуна кина холист. Хатоиро ислоҳ намуда, бахшиш карда, сарвар дили худро ба ҳолати аввалааш оварда, ҳаловати рӯҳию ҷисмонӣ мебарад.

Қонунияти дигари хештаншиносии роҳбарӣ он аст, ки кадом мақсаду фаъолиятеро пеша нанамояд, бояд баҳри беҳтаршавии ҳолати зисту зиндагонии ҷамоати инсонӣ равона гардида, дар мувофиқа ба табиати поку худододи мо бошад. Аз ин хотир, ӯ ҳаракат менамояд, ки ҳар як қадами мондаи худро дар ин роҳи хайр амалӣ гардонад. Боваркунонии кормандон ва атрофиён ба кору фаъолияти хеш низ масоили муҳими хештаншиносии роҳбарӣ буда, дар ин роҳ ӯ бояд тамоми ҷабҳаҳои рӯҳӣ, солимӣ, иҷтимоию иқтисодии онҳоро омӯзад, ба инобат гирад ва дар мувофиқа ба он амал намояд. Гарчанде ҳолатҳои мураккабу норавшаниҳои зиёди иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодиро дучор ояд ҳам, оқибат, ғалаба насиби роҳбари хештаншинос мегардад, чунки роҳи ҳақиқат фақат яктост ва роҳи дигаре вуҷуд надорад. Бинобар ин, роҳбари хештаншинос рафтори хешро доимо бояд дар роҳи адолату ҳақпарастӣ равона намояд, на ба манфиати хеш, ё гурӯҳу роҳбару сарварони болой.

Вақте мо сарварону роҳбаронеро мебинем, ки дар рафтору гуфтори худ тафовути зиёде дошта, аз адолату инсофу меҳру муҳаббат фарсахҳо дур мебошанд, нишонои он аст, ки ин гуна роҳбарон тасодуфан пайдо гаштаанд.
Роҳбарии онҳо поёнда набуда, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ аз байн мераванд ва оид ба кору фаъолияти онҳо касе ҳарфи неке намегӯяд. Аз дигар тараф, кору фаъолияти онҳо файзу баракат надорад. Онҳо аз гирдоби ношиносии хеш

пешина
аз 463
навбатӣ