Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИқтисодиётИдоракунӣ
Аз аввал хондан
  1. Тамаддун зинаи баланди дифференсиатсияи кору фаъолиятро таъмин месозад. Инкишофи босуръати халқу миллатҳо ва тақсимоти чуқури меҳнатро вобаста аз мураккабӣ, доништалабӣ, ақлонӣ ва ҷисмонӣ таъмин менамояд.

  2. Зиддияти байнигурӯҳӣ ва этникӣ тафовути халқу миллатҳои инкишофёфта ва ақибмонда тақсимоти синфии ҷомеаро аз байн бурда, инкишофи қобилият ва зеҳниро таъмин месозад.

  3. Бо истифода аз ченаки таърихӣ алоқамандии гузашта, ҳозира ва ояндаро муайян месозад. Албатта, таърих донишҳои бузурги мавҷудияти инсониро дошта, меъёрҳои бузурги маданӣ риоя карда мешуданд, ки барои ҳаёти имрӯзаи мо низ яке аз шартҳои зарурӣ мебошад.

Хусусиятҳои дар боло номбурда, дорои қонуниятҳои худ буда, албатта, дар зиддияти якдигарӣ амал карда, ташаккул меёбанд. Бинобар ин, дар зинаҳои гуногуни инкишофи маънавии мардум мақоми гуногунро соҳиб гашта, дар як давлат хеле мустаҳкаму қавӣ, вале дар мамолики дигар суст инкишоф меёбанд ё ин ки вобаста ба қувваи асосии инкишофдиҳандаи тамаддун вобастагии қавӣ доранд. Таърих зинаҳои гуногуни ҳаёти мутаммадинро ба монанди Бобул, Шумерӣ, Вавилон, Византия, Шӯравӣ ва ғ. медонад, ки роҳу мавҷудияти худро ба итмом расонидаанд. Аммо бояд қайд кард, ки ин ҳатман изи худ, яъне боигарии бузурги маданӣ боқӣ монданд, ки баъдан онро халқу миллатҳои тамоми дунё самаранок истифода мебаранд.

Оиди асосҳои илмии дигаргуншавии маданӣ ва тамаддун ақидаҳои мухталифи маданиятшиносии дунё мавҷуд мебошанд.

Баъзе аз онҳо дар асоси фаҳмишҳои динӣ ва дигаре дар асоси таҳлилҳои илмӣ исбот намудаанд, ки дар ҳақиқат чархзанандагии олам ва гузарандагии одам, сабаби аз байн бурдан ва тағйирёбии баъзе арзишҳои маданӣ шуда, худи ҷараён низ замоне дигар талаботҳои насли наврасро қонеъ нагардонида, аз байн меравад. Аз ин хотир, мебояд ба маданият низ ҳамчун унсури ҳаракаткунандаи ҳаётӣ баҳо дода, пайваста ташаккул ва инкишоф додани он шарти зарурӣ мебошад. Аз ҷумла, маданияти менеҷмент низ ба ин талаботи калон дошта, новобаста ба мураккабию мушкилии зинаи инкишофи имрӯзаи ҷаҳони глобализатсия, бояд инкишофи баланди худро дошта бошад.

пешина
аз 463
навбатӣ