Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳамчун ризогии Худованд аз рафтори Шумо номидааст. Аз ин нуқтаи фалсафаӣ Конфутсий роҳбариро дар навбати аввал ҳамчун «ислоҳи худ» баҳо дода, роҳи расидан ба ҳолати аввали илоҳие, ки ба ҳар яки мо Худованд додааст, яъне роҳи хештаншиносӣ шуморидааст.

Маданияти инсониро ӯ амалигардии ҳамон наққошии илоҳие мешуморад, ки мо дар мусиқӣ, дӯзандагӣ, рассомӣ, дар рафтори худ инъикос карда, ҳаловати эстетикӣ мегирем. Агар ин мувозинат вайрон шавад, мо ба азобу уқубатҳо дучор шуда, аз ҳақиқат дур мемонем. Бузургии таълимоти Конфутсий низ дар он аст, ки ӯ тавонист ба халқи Чин ҳамчун падари урфу одати классикӣ баромад намояд. Ӯ ба ҳар сухани хеш, ҳар як қадаммонии хеш ва рафтори хештаншиносии хеш нишон дод, ки дар ҷаҳон фақат низоми ягонаи табиат ва башарӣ, моддию маънавӣ мавҷуд аст, ки инкишофи тамоми олами зинда ва хештаншиносӣ ба риояи он вобастагии зич доранд.

Ҳамин тариқ, соли 479 то солшумории милодӣ Конфутсий — «Устоди даҳ ҳазор насл» дар синни 73-солагӣ аз дунё гузаштанд, аммо имрӯз низ гарчанде зиёда аз 2,5 ҳазор сол гузашта бошад ҳам, таълимоти ин донишманд барои расидан ба зинаҳои баланди хештаншиносӣ, яке аз беҳтарин таълимотҳо мебошад.

пешина
аз 463
навбатӣ