Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Нуктаи дигареро дар таълимоти ҳамаи динҳо ва қоидаҳои онҳо бояд қайд кард, ки ҳамаи онҳо дорои пайғамбарон ва асосгузорону китобҳои муқаддаси худ ва институтҳои махсуси ҷамъиятӣ мебошанд. Бинобар ин, дин ҳеҷ гоҳ аз ҷомеа берун нарафта, бо соҳиб гаштани мақому мартабаи баланд функция ва вазифаи худро иҷро менамояд. Меъёрҳо, арзишҳо ва қонунҳое, ки мувофиқи китобҳои муқаддас ва гуфтаҳои пайғамбаронанд, боз таъсири зиёдеро ба рафтору фаҳмишу ҳолати рӯҳии инсонҳо расонида, таъсири маънавиро дар низоми ҷомеа пурзӯр менамояд. Мисол, барои мусулмонони ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар даврони ҳокимиятдории ҳизби коммунистӣ хеле як давраи мудҳиши нобудсозии китобҳои муқаддасу арзишҳои волои динӣ ва махсусан, барои мардуми мусулмон реҷаи сахти зидди риояи маросимҳои динӣ мавҷуд буд. Новобаста аз ин, дар муддати зиёда аз 70 сол ин меъёрҳо нигоҳ дошта шуда, зинда монданд ва боз аз нав бо рангу қувваи тоза эҳё гардида, имрӯзҳо ба мардум хизмат карда истодаанд.
Дар адабиётҳои илмии Шарқ дин ҳамчун таълимоти иҷтимоию маданӣ на фақат расму оин ва боварӣ, балки ҳамчун меъёри ахлоқӣ, этикию эстетикии омӯзиши фанни маданиятшиносӣ омӯхта шуда, ҳамчун меъёрҳои банизомдарории рафтори ҷомеа ва рафтори роҳбарӣ шинохта шудааст. Махсусан, дар банизомдарории муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии гурӯҳҳои иҷтимоию этникӣ, халқу миллатҳои алоҳида, қавму қабилаҳо самаранок истифода карда мешаванд. Инчунин, ин қонуниятҳо дар ҳаёти иқтисодию роҳбарӣ хеле васеъ мавриди истифода қарор дода мешаванд, ҳатто то ташкили давлати исломӣ ва риояи пурраи талаботҳои дини ислом. Қайд бояд кард, ки ҳанӯз дар ҳазорсолаи аввали то солшумории мо дар аксари ҷамъияти инкишофёфтаи ҳамон замон як инқилоби маънавӣ ба вуҷуд омадааст, ки дар натиҷа ҳисоби нави солшуморӣ ва умуман таърихи башарӣ пайдо гаштааст, менависад файласуфи немис К.Яспер, ки бо номи «даврони кишт» номгузорӣ шудааст.1
Инчунин, дар таърихи башарӣ воқеаи амалӣ гаштани меъёрҳо ва арзишҳои динҳои гуногуни дунёро метавон дарёфт, ки барои инсоният ҳамчун асоси пурарзиши заминӣ хизмат карда омада истодаанд. Аз ин рӯ, дин ва низоми
1 Б.С.Ерасов. Социальная культурология. - М.,2000, с.356.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё