Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
касбӣ; касбии баркамол; касбии беҳтарин ва касбии аз ҳама беҳтарин ва ё устоди варзида; дорои истеъдоди баланди илоҳӣ дар байни коллектив ва умуман, халқ баҳо медиҳанд. Маълум мегардад, ки дар ин ҷой низ баҳогузорӣ аз рӯи нишонаҳои донишмандӣ, навоварӣ, кордонӣ, ҳосилнокии баланди меҳнати касбӣ, муносибати хирадмандона ба касб ва инкишофи он, дастгирӣ ва кӯмаки атрофиён, боваркунонии коллектив ва пурра ба ӯҳдаи хеш гирифтани ҳамаи он масъулиятҳо сурат мегирад, ки шахсиятҳоро ба хештаншиносӣ мепайванданд.
Пас, аксари талаботҳои хештаншиносии роҳбарӣ ин роҳи инкишофи касбии кормандон дар менеҷмент буда, онҳоро барои расидан ба зинаи касбиятнокӣ ҳидоят менамояд.
Аз дигар тараф, зинаи инкишофи касбии корманд арзиши бозоргонии ӯро дар иқтисоди бозорӣ ва ҳақмузди ӯро муайян месозад. Ҳар қадар зинаи касбии корманд баланд бошад, ҳамон қадар ба ӯ ҳақмузди баланд ва вазифаи баланди роҳбариро сазовор дониста, на фақат талаботҳои моддӣ, балки талаботҳои маънавию рӯҳии ӯро низ таъмин менамоянд. Бинобар ин, болоравӣ аз рӯи нишонаи баланди касбӣ, роҳи дурусту мустаҳками роҳбарӣ буда, аслан қувваи бузурги сарварӣ низ ба он вобастагии калон дорад. Шахсияте, ки ба зинаи баланди инкишофи касбӣ расидааст, роҳбариро оиди иҷрои кору фаъолият бо тамоми нозукиҳои касбӣ медонад, инчунин, ҳосилнокию самараи баланди корӣ дошта, даромаднокии кори менеҷментро садҳо маротиба зиёд мегардонад. Вақте мо ба ин нуқтаи касбиятнокӣ диққат медиҳем, он гоҳ ба чашм намоён мегардад, ки хештаншиносии касбӣ, қисми таркибии инкишофи касбии корманд буда, имкон медиҳад, то ҳунари воло ва нозукиҳои касбӣ бомуваффақият амалӣ гарданд.
Бояд таъкид сохт, ки на ҳама шахсиятҳо қобилияти баланди ба ин зина расидан доранд. Аз ин хотир, сустназмон ҳаракат менамоянд, ки бо роҳи иғвогарӣ, фиребгарӣ ва таъмаю ҳасадбарӣ садди роҳи пешравии Шумо гарданд, аммо чуноне, ки дар боло қайд кардем, дили роҳбари хештаншинос аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб тоза буда, ӯро қувваи илоҳӣ роҳнамо мебошад.
Бинобар ин, дар омӯзиши менеҷмент фанни алоҳида «Рӯҳшиносӣ дар менеҷмент» таълим дода мешавад, ки дар он оид ба тайёрии пурқуввати рӯҳии касбии корманд ва роҳбар ба роҳбарони оянда дониши мукаммал дода мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё