Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фалсафии касби худро омӯхта, дар оянда самаранок ва устуворона кору фаъолият намояд.

Пас, мо мекӯшем бар он, ки дар мавзӯъҳои ояндаи китобамон диққати асосиро ба инкишофи касбии менеҷмент дода, дар баъзе мавридҳо аз баҳодиҳии пурраи фалсафию сиёсӣ ва ё рӯҳию иҷтимоӣ каме худдорӣ намоем. Мо боварӣ дорем, ки ин вазифаро илмҳои дигар пурратар ба дӯши худ гирифта, дар тайёрии касбии кормандон хизмати арзанда менамоянд.

Нигоҳ ва мақсади асосии мо ҳамчун як фарди иқтисодшинос пешниҳоди паҳлӯҳои макроиқтисодии фаъолияти менеҷмент буда, вобастагии инкишофи самараноки фаъолияти касбии роҳбариро дар доираи давлат ва миллати алоҳида, минтақа ва ҷаҳони муосир нишон додан мебошад.

Агар дар вақти тадқиқоти мавзӯъҳои хештаншиносии роҳбарӣ ба баъзе масоили илмҳои дигар бархӯрдор шуда, сарҳадро каме гузашта бошем, аз донишмандони ин соҳаҳо узр пурсида, таъкид бар он дорем, ки ин фақат ва фақат ба мақсади равшанӣ андохтан ва пурра кардани фикрҳои хоси касбии мо буда, ба дигар касбу илмҳо зиёне ворид намесозад, чунки хатти зиндагии инсон чунон мураккабу печ дар печ ва беҳудуд мебошад, ки омӯзиши пурраи он ба ақли инсонӣ дастнорас аст.

51.3. Нишонаҳои расидан ба хештаншиносии роҳбарӣ

Мақсади асосии таълимоти касбии менеҷмент оид ба хештаншиносии роҳбарӣ, пеш аз ҳама, дар тарбияи сарваре мебошад, ки дар байни ҷомеа аз рӯи нишонаҳои зерини худ куллӣ фарқ намояд:

  1. Бо донишмандӣ ва хирадмандӣ;
  2. Бо гуфтор ва андешаронӣ;
  3. Бо нигоҳ доштани асабу чашми хеш;
  4. Поктивии ботинӣ ва зоҳирӣ;
  5. Тарзу усули сарварӣ;
  6. Тарзи муомила ва боварии касбӣ;
  7. Эҳтироми ҷомеа ва арзишҳои миллию умумибашарӣ.
пешина
аз 463
навбатӣ