Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Рушди босуботи башарӣ — ин сохтор вобаста аз васеъшавии имконоти ҳар як корманд дар менеҷмент ва баландшавии ҳосилнокии меҳнат нисбат ба солҳои гузашта, дигар корхонаҳо ва нишондиҳандаҳои меъёри илмӣ. Дар баробари ин, таъмини афзоиши бемайлони сармояи зеҳнии башарӣ ва истифодаи васеи дастовардҳои инноватсионии кормандон. Аз дигар тараф, ин таъмини сармояи моддӣ, башарӣ ва экологӣ мебошад, яъне таъмини бемайлони сармояи молиявии худӣ барои такрористеҳсоли васеи корхона. Сармояи иҷтимоӣ барои таъмини рушди босуботи башарӣ.
Сармояи экологӣ — таъмини шароити хуби табиии корӣ ва муҳити зист барои фаъолияти самараноки менеҷмент. -
Баландбардории маҳсулнокии меҳнати одамон ва гирифтани музди меҳнате, ки талаботҳои такрористеҳсоли ҷисмонию маънавии ӯро қаноатманд менамоянд. Аз ин хотир, бояд инкишофи иқтисодӣ, шуғл ва музди меҳнат қисми муҳими концепсияи рушди босуботи башарӣ дар менеҷмент гардад.
-
Таъмини имконоти якхелаи фаъолияти корӣ ба ҳамаи кормандон дар менеҷмент. Бояд гуфт, ки тамоми маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ва моддию ҳокимиятдорӣ, этносию авлодию қабилавӣ, бевосита ба рафтори маънавии кормандон таъсири манфӣ расонида, хоҳиши баланди корӣ доштани кормандро хеле паст ва ҳолати ногувори рӯҳиро дар коллектив пайдо месозад. Бинобар ин, дар концепсияи инкишофи башарӣ ҳамаи маҳдудиятҳо бояд сарфи назар гардида, кормандон озодона мувофиқи хоҳиши маънавии худ кору фаъолият намуда, эҳтироми баланди якдигарӣ ҳукмфармо бошад.
-
Таъмини адолати иҷтимоии насли имрӯза ва оянда. Менеҷмент ба ғайр аз таъмини инкишофи бемайлони имконоти ақлонии кормандони корхона бояд тарбияи насли наврас ва фарзандони кормандони худро пурмаъно ба ӯҳда гирад.
-
Таъмини фаъолнокии кормандон дар ҷараёни роҳбарӣ, қабули қарорҳои
стратегии инкишофи корхона ва дигар қарорҳои роҳбарии ба ҳаёти онҳо
вобаста. Иштироки бевоситаи кормандон дар фаъолияти роҳбарии

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо