Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Бекории дарозмуддати кормандон гум кардани қобилияти кордонӣ ва ҳунармандӣ роҳбарӣ буда, ҳосилнокии меҳнати роҳбарон ва дигар кормандони бекормонда паст гардида, сармояи зеҳнии одамонро муфлис месозад.

  2. Бекорӣ на фақат ба хароҷотҳои фардӣ, балки ба афзоиши хароҷотҳои иҷтимоӣ оварда, даромади софро ба ҳар як сари аҳолӣ кам менамояд. Хароҷотҳои менеҷментро барои кӯмакпулии бекорон зиёд ва молиягузориро барои инкишофи башарӣ кам мекунад.

  3. Бекорӣ имрӯз на ба пастравии суръати инкишофи иқтисодию башарӣ, балки ба нобоварии он мафҳуме, ки инкишофи иқтисодӣ имкони шуғл ва баландшавии даромадро таъмин менамояд, оварда, олимону донишмандон боз дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва усулҳои дигари таъмини шуғли пурраи аҳолӣ мегарданд.

  4. Бекорӣ дар мамолики тараққикардаи дунё сол аз сол афзуда, қисми зиёди аҳолии қобилияти меҳнатиро дар бар мегирад. Менеҷментро зарур аст, ки ин масъаларо бо роҳи молиягузории бекорон бо мақсади дигар кардани ихтисос ва ё баландбардории ихтисосмандии кормандони бекормонда дар доираи ваколатҳои хеш ҳаллу фасл намояд.

Дар навбати худ, барои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ фақат ташкили ҷои корӣ кифоя намебошад. Баландбардории ихтисос ва васеъ намудани имконоту қобилияти одамон, барои дастовардҳои иқтисодии менеҷмент ва тобоварии рақобати бозор, дар шароити ҷаҳонишавии бемайлони иқтисодӣ моҳияти калон дорад. Сармоягузорӣ барои рушди босуботи башарӣ имкони баландбардории сатҳи зиндагонии одамон ва васеъшавии имконотро пайдо месозад, ки мо дар мавзӯи гузашта гуфта гузаштаем. Беҳтаршавии саломатии одамон, сифати маводи ғизоӣ ва маълумотирии сифатноки касбӣ имкон медиҳад, ки одамон барои «Зиндагонии хуб» шароит муҳайё созанд.

Дар ин ҷода низ як нуқтаро бояд таъкид сохт, ки сармоягузорӣ бояд ба равандҳои мақсадноки омӯзиши касбии барои менеҷмент зарур ва иноватсионӣ ки дар навбати худ бояд инкишофи менеҷментро таъмин созанд, равона гардад. Ҳар қадар сатҳи дониши касбии кормандон баланд бошад, ҳамон қадар барои азхудкунии технологияи навтарин менеҷмент имкон пайдо месозад ва ҳосилнокии баланди меҳнатро таъмин месозад. Афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва баландшавии музди меҳнати воқеӣ дар навбати худ, инкишофи иқтисодии давлат

пешина
аз 463
навбатӣ