Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мушоҳида шуданд, ки ин дар навбати худ ба рушди инкишофи башарӣ низ бетаъсир намондааст. Чунин ҳодиса ба Тоҷикистон низ хос буд.

Ҳамаи ин ҳодисаҳо ҳаёти чандин миллион одамонро рабуда, чандин миллиони дигарро зери хавф гузошта, чандин миллиони дигар саломатии худро гум карданд. Миллионҳо гектар замини кишоварзӣ заҳролуд ва ё шӯразор шуда аз гардиш баромаданд ва миллионҳо гектар ҷангалзор ба харобазор табдил ёфта, дарахтони ҷавон низ аз ифлосшавии муҳити зист ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шуда, боздеҳи захираҳо хеле кам гаштаанд.

Аз натиҷаи гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки байни истифодабарии сарватҳои табиӣ, инкишофи иқтисодӣ ва башарӣ алоқамандии зич мавҷуд буда, мо бе мувофиқа ба қонуниятҳои табиӣ наметавонем, фаъолияти самаранокро дар менеҷмент ташкил намоем. Имрӯз дар кураи Замин замоне фаро расидааст, ки инсоният дар тамоми таърихи мавҷудааш бо чунин суръат ва дараҷа сарватҳои табииро истифода ва чунин миқдор одам низ дар замин ҳеҷ давру замон зиндагонӣ накардааст. Пас, Замин, ки хонаи умумии тамоми инсоният мебошад, имрӯз муносибати боаклонаро талаб дошта, хештаншиносии роҳбариро интизор аст. Аз ин рӯ, мо бояд фаъолияти роҳбариро ба қонуниятҳо ва меъёрҳои табиӣ мувофиқ ташкил намуда, нагузорем, ки дар ягон нуқта ин мувозинат вайрон гардад.

Мо дар мавзӯи оянда равандҳои рушди босуботи иқтисодиро пурра гуфта мегузарем. Дар ин нуқта бошад, диққати асосиро ба он нуқтаи экологӣ медиҳем, ки бевосита ба рушди босуботи башарӣ ва иқтисодӣ таъсири манфии худро расонида истодаанд.

Бо ақидаи аксари экспертҳои ҷаҳонӣ дар 50 соли охир дар ҷаҳон чунин таъсиррасониҳо ба табиат мушоҳида гаштааст:

  1. Ҳаҷми сӯзишвории истифодашаванда ва барориши карбонат ба атмосфера зиёда аз 10 маротиба.
  2. Афзоиши истифодаи оби нӯшокӣ ва умуман, захираҳои обӣ зиёда аз 6 маротиба.
  3. Истеҳсоли маҳсулоти баҳрӣ зиёда аз 10 маротиба.
  4. Истифодаи ҷангал барои чӯб, қоғаз ва дигар молҳои саноатӣ зиёда аз 10 маротиба.
пешина
аз 463
навбатӣ