Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
давлатҳои пешқадами дунё низ, стратегияи иқтисодии хешро дигар сохта, мувозинати экологиро дар рӯи замин нигоҳ доранд.
Аз рӯи нишондиҳандаҳои илмӣ, аксари тадқиқотчиёни ин соҳа имрӯзҳо дар зиёда аз 75 мамолики ҷаҳон нисбат ба 25 - 30 соли гузашта, зиёда аз 1,5 миллиард одамон дараҷаи пасти истеъмолӣ доранд. Дар аксари мамолики Африқо ҳар як хоҷагӣ нисбат ба 20 соли пешина қариб 25 - 30% кам маводи ғизоӣ истеъмол мекунанд.
Ҳазорсолаи сеюм замонест, ки мо бояд аз модели кӯҳнаи инкишофи иқтисодии аксар мамолики тараққикардаи дунё даст кашем. Ин нуқтаро ТММ (ПРООН) низ тарафдорӣ менамояд, чунки ин модели иқтисоди рушди босуботи башариро таъмин накарда, ба масоили умдаи экологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки худи ин давлатҳоро ба ташвиш овардааст. Фақат як мисоли ифлосшавии атмосфера ва пурра нобудшавию ба бемориҳои гуногун гирифторшавии паррандаҳо дар солҳои охир нишони он аст, ки дар мамолики тараққикардаи дунё одамон дар дараҷаи баланди хавфи экологӣ зиндагӣ карда, ҳатто саломатии худро дар зери хатар мегузоранд. Пас, зарур аст, ки модели рушди босуботи иқтисодӣ бо назардошти рушди босуботи башарӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин асоснок карда шаванд:
-
Инкишофе, ки хароҷоти иловагӣ ва ноқисиҳои экологиро барои насли оянда боқӣ нагузорад;
-
Инкишофе, ки дарозумрии насли ояндаро таъмин сохта, таваккали гуруснагии онҳоро кам намояд.
-
Инкишофе, ки имкони зиндагонии хубро барои насли оянда таъмин месозад.
-
Инкишофе, ки такрористеҳсоли ҷисмонӣ ва зеҳнии башариро боз чандин наслҳои дигар нигоҳ медорад.
-
Инкишофе, ки мувофиқати доимии «одамон - табиат - сармояи моддӣ»-ро нигоҳ медорад.
Бояд қайд кард, ки чунин талаботҳо ҳатман дар назди менеҷменти корхонаҳо ва давлату ҳукуматҳо, ба ҳар як роҳбари хештаншинос вазифаи масъули экологӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоиро мегузорад. Имрӯзҳо дар назди роҳбарони болоии ҳукуматӣ, сарварони зиёда аз 100 давлати ҷаҳон Шӯроҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо