Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
омада буд ва ба замин барнишаст ва сари Доро бар канор ниҳод ва хок аз рӯяш пок кард ва ӯро малик хонд, гуфто: «Ё малик, нахостаме, ки туро чунин дидаме, алҳамду лиллоҳ, ки на аз ман омад бар ту ва аз касҳои ту омад бар ту. Акнун ҳар ҳоҷате, ки дорӣ, бихоҳ ва бифармой.» Доро чашм боз карду гуфт: «Маро ба ту се ҳоҷат аст: Яке хуни ман нагузорӣ, ки ботил шавад ва дигар — духтари маро — Равшанак ба занӣ кунӣ ва се дигар — меҳтарони Аҷам нек дорӣ ва эшонро барда накунӣ.» Искандар гуфт, ҳар се ҳоҷат раво кардам. Ва Доро бимурд. Искандар ӯро ба тобут андар кард ва дигар рӯз ба тахти Доро бинишаст ва сипоҳи хеш ва они вай арза кард: Ҳазор ҳазору чаҳорсад ҳазор мард. Халқро хутба кард ва дод кард. Ва ҳоҷибони Доро биёвард ва ҳар хоста ки ваъда карда буд, эшонро бидод. Пас эшон гуфт: «Ман шарт кардам, ки шуморо хоста диҳам, нагуфтам, ки шуморо накушам ва ҳадис чунон накардам. Ва андар сиёсат раво набошад, ки шуморо даст боздорам, бо ин бевафоие, ки шумо кардед ба малики хеш. Ва хуни малик ботил нашавад ва ҳар ки маликро кушад, алҳол ӯро бибояд куштан». Пас эшонро бикушт ва ба дор кард ва мунодӣ кард: ҳар ки эшонро бинад ва ба малики хеш бевафоӣ макунад. Ва он Равшанакро ба занӣ кард бо забони юнонӣ ва ба Юнон фиристод сӯи Аристотолис. Ва ҳарчанд битавонист аз шаҳри Порсу Бобулу Ироқ вайрон кард ва солҳо бияфканд, ҳамчунон ки Бухтуннаср карда буд. Ва девонҳои Доро ҳама бисӯхт. Ва чун бихост рафтан ба ҳар шаҳре меҳтарони шаҳрро малик кард. Ва аз лаъли Искандар он маликон чаҳорсад сол бимонданд ба ҳар тоифе малике. Ва эшонро мулуки тавоиф хонданд, то он вақт, ки Ардашери Бобакон бархост ва мулки Аҷам аз дасти мулуки тавоиф ҷудо кард ва ҳама мамлакат бигирифт....

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо