Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
давраи муайян ин усулро мо бояд якчанд маротиба такрор карда, корманди ҷавонро ҳамаҷониба бисанҷем ва камбудиҳои ӯро ошкор ва бартараф сохта, дар оянда ӯро сарвар таъин намоем.
Раванди дигари кори тарбиягӣ, бо роҳи истифода аз усули боварӣ ташкил карда мешавад. Мо пас аз он, ки корманд 2 — 3 сол дар корхона кору фаъолият менамояд, ба ӯ баъзе аз вазифаю ӯҳдадориҳои роҳбариро бовар карда, назорат намоем, ки чӣ тавр рафтор менамояд ва вобаста аз он усулу чорабиниҳои тарбиявии фардиро ба роҳ монем. Ташкили системаи боварии тарбия дар менеджмент имкон медиҳад, ки ҳар як корманд ба кори аниқ масъулият ҳис карда, ҷавобгар бошад ва ба боварии мо арзанда гардад. Сатҳи инкишофи рӯҳии корманд гувоҳӣ медиҳад, ки то чӣ андоза ӯ ба боварии мо сазовор аст ва вобаста аз ин кору фаъолият намудааст ва ба оянда нақшаҳои стратегӣ дорад. Пас, ин роҳ имконоти инкишофи хештаншиносии роҳбариро таъмин сохта, метавонад моро ба мақсад наздик гардонад.
Раванди муҳим ва ҳавасмандкунандаи инкишофи кормандон албатта, усули ҳавасмандкунии натиҷаи кор ва қадршиносии меҳнатии кормандон аст. Ин имкон медиҳад, ки кормандон бо истифодаи тамоми қобилияти зеҳнию ҷисмонии худ фаъолнокии баланди худро нишон диҳанд ва инкишоф ёбанд. Усули мазкурро метавон усули мувозинати фаъолияти меҳнатӣ ва зиндагонӣ номид, чунки ҳар як фард ғайр аз талаботҳои меҳнатӣ боз талаботҳои фардии зиндагӣ дошта, бояд онҳоро низ қонеъ созад. Барои ин кормандро мо бояд бо даромаде қаноатманд гардонем, ки вай талаботҳои зиндагонии хуби хешро таъмин карда тавонад, вагарна ӯ самаранокии меҳнат накарда, ба корҳои ғайриқонунӣ ва ғайриэтикӣ даст зада, бетарбия мегардад ва ё корхонаро тарк карда, ба корхонае меравад, ки талаботҳои некӯаҳволии ӯро қонеъ мегардонанд.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки роҳу усули тарбия ва омӯзиши кормандон қисми зарурии фаъолияти хештаншиносии менеджмент буда, имкон медиҳад, то мо аз қобилияти иноватсионии ҳар як фард самаранок истифода карда, манфиати баланд ба даст орем. Ҳамзамон, пайваста дар бораи тарбияи кормандон андеша карда, якбора оиди инкишофи корхона кори бузургеро анҷом диҳем, ки натиҷаҳои бузурги стратегиро таъмин месозад.
Нуктаи муҳими дигарро дар фаъолияти менеджмент бояд қайд кард, ки солҳои охир дар аксари мамолики ҷаҳон пастравии сатҳи донишазхудкунии ҷавонон ва хоҳишмандии онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ ва илова бар ин, пиршавии барвақтии одамон мушоҳида карда мешавад.
Чунин ҳолат, албатта, ба кори менеджмент бетаъсир намонда, талаботро ба кори тарбиягӣ дар корхона даҳҳо маротиба баланд мебардорад. Он кормандоне, ки 25-30 сол пеш дар макотиби олӣ таҳсил карда, ба корхона ба кор омадаанду пайваста ба меҳнати самаранок машғуланд, аз ҷавонони имрӯза фарқ дошта, нисбатан ҷиддӣ ва масъулиятшинос мебошанд. Аз дигар тараф, ин вазифаи нави тарбиявӣ ба илмҳои рӯҳшиносию иқтисодшиносӣ ва маданиятшиносӣ вогузор гардида, бояд аз мавзӯъҳои асосии тадқиқоти онҳо қарор гирад. Мо бошем, ин ҷараёнро ҳамчун раванди тайёрӣбандагии муҳити кормандии корхона баҳо дода, вазифаҳои муҳими тарбиявии касбиро пеш гузорем, ки ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошанд. Инчунин, диққати асосиро ба дониши компютерӣ ва барномасозии кормандон, истифода аз барномаҳои мураккаби электронӣ равона созем ва дониши навини касбиро ҷорӣ намуда, дар мактабҳои таҳсили ҳамагонӣ, макотиби олӣ, мактабҳои такмили ихтисос ва машғулиятҳои менеджмент ин хусусиятро пурра ба инобат гирифта, барнома созем ва мувофиқи он ба таълиму тарбия машғул шавем.
Бояд қайд кард, ки вобаста аз омилҳои дар боло овардашуда, имрӯзҳо мазмуни меҳнат низ тағйир ёфта, қоида ва тартиби истеҳсоли мол куллан дигаргун гаштааст. Оиди он мо дар китоби 2-3-юми менеджмент пурра гуфта гуваштаем. Ҳамин тавр, хислати муносибатҳои байни кормандон ва роҳбарӣ тағйир ёфтааст, ки роҳбар ҳатто метавонад моҳҳо ва солҳои дароз бо воситаи хати Интернет, ба корманди хеш дар хориҷи кишвар ва ё филиалҳои корхонаи худ роҳбарӣ карда, ҳатто қисме аз онҳоро шахсан нашиносад. Ин ҳолатҳо, албатта, барои кормандоне, ки дар муҳит ва шароити пешинаи роҳбарӣ кору фаъолият доштанд ва ба он одат карда буданд, хеле мушкил буда, аксар маврид эҳтимол дорад, ки ба шароити нав мутобиқ нашуда, аз кор раванд.
Дигар ин ки ҷараёни босуръати электронӣ ва инноватсионии технологию
вуҷуд дар корхона, корманди кӯҳнаро худаш ба берун хориҷ месозад. Аз ин
роҳст, ки аксари онҳо доимо кӯшиш мекунанд, ки садди роҳи инкишоф гашта,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо