Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

факултеттро ба ҳолати вайронаи пешин оварда, ҳаловат бурда истодаанд. Аммо ман боварӣ дорам, ки чархи фалаки инкишоф онҳоро решакан менамояд ва мо боз ҳамон иқдоми неки навобарию пешқадамии худро идома медиҳем, чунки дар коллективи факултет қариб 70% ҷавонони болаёқати дорои малакаи баланди зеҳнии замонавӣ, ки мо онҳоро ба кор қабул намуда будем, кору фаъолият менамоянд ва банда ба дастгирии зеҳнии онҳо боварии калон дорам. Аллакай 3 нафари онҳо ба зинаи доктори илмҳои иқтисодӣ расиданд.

Вобаста аз гуфтаҳои боло зарур аст, ки мо кори тарбиявиро ба тамоми кормандони коллектив, новобаста аз синну солашон пайваста идома дода, нагузорем, ки онҳо бо истифода аз фикру ақидаи кӯҳнапарастию қафомондаи худ, садди роҳи пешравии менеҷмент ва умуман, корхона шаванд. Аз тарафи дигар, дастгирию тарафдории қобилияти баланди зеҳнии кормандон ва инкишофи метатехнология бояд маъмуни асосии хештаншиносии роҳбарии асри XXI гардад. Оиди ташкили системаи иқтисодии инноватсионии тарбия дар мавзӯи оянда гуфта мегузарем.

57.3. Ташкили тарбияи иқтисодии хештаншиносӣ дар менеҷмент

Тарбияи иқтисодии хештаншиносӣ қисми муҳими кори тарбиявии менеҷмент буда, мақсади асосии он аз ҷиҳати рӯҳиявии иқтисодӣ ба таври пурра тайёр кардани роҳбари оянда мебошад. Зарурияти ин таълимот дар он аст, ки натоиҷи охирини мотиватсионии ташкили фаъолияти роҳбарӣ бевосита аз рӯи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ баҳо дода мешавад. Бинобар ин, роҳбари хештаншиносро зарур аст, ки дар баробари таъмини ҳолати хуби рӯҳии фаъолият, ба равандҳои инкишофи иқтисодӣ нишонгирӣ карда тавонад ва роҳҳои стратегии иқтисоди корхонаро муайян созад. Аз ин хотир, тарбияи иқтисодиро ҳамчун тарбияи рӯҳивию маънавии роҳбарӣ ва нишонагирии роҳбар ба натиҷаи беҳтарини хештаншиносӣ муаррифӣ намудан мумкин аст.

пешина
аз 463
навбатӣ