Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ҳавасмандии дохилаи кормандони ҷавонро пайдо созад ва боло бароварда, фаъол гардонад. Дар ин раванд иқтидори асосӣ ва қувваи ҳаракатдиҳанда мақсади ҳаётии ҳар як корманд, коллектив ва ҷомеа мебошад. Майдони дарки моҳияти иқтисодӣ барои ҳар як корманд пайдо ва коркард мешавад ва ташаккул ёфта, рӯҳияи иқтисодии онро ташкил медиҳад. Бинобар ин, мафҳуми умумии «мақсад» хеле мураккаб буда, дигаргунсозӣ ва тағйир додани он барои менеджмент, ки аллакай синну соли корманд аз 23 - 25 сола боло мебошад, хеле ва хеле меҳнатталаб аст. Мақсадҳоро аксар маврид фаҳмидан хеле мушкил аст. Чуноне ки дар китоби 4-уми менеджмент гуфта гузаштем, мутаассифона, на ҳамаи одамон кушодарӯй, некхоҳ, софдилу меҳрубон буда, рӯйрост рафтор менамоянд. Аз ин ҷост, ки барои роҳбари хештаншинос, донистани рафтори иқтисодии одамон ва омилҳои рафтории онҳо, бояд аён бошад ва ӯ дарк намояд, ки чӣ бояд кард.
Дар тарбияи иқтисодии хештаншиносӣ бояд мавзӯъҳои махфияти мақсадгузорӣ, ҷараёни пайдоиш, коркард, мақсадгузории дохилаи роҳбарӣ дар алоҳидагӣ барои ҳар як фард ва барои гурӯҳ дар давраи муайян ва барои кору фаъолияти муайян мувофиқ кунонида шаванд. Нуқtai муҳими тарбиявӣ он аст, ки мақсад ба талаботҳои менеджмент мувофиқат карда, рафтори барои роҳбарӣ мувофиқро тавлид созад.
Аксари олимон ва мутахассисони бахши менеджмент дар он ақидаанд, ки ғамхорӣ дар бахши тарбияи инкишофи башарӣ ба ташаккули талаботҳои менеджмент равона гардида, заруртарин фаъолияти инсонӣ мебошад, чунки аксари талаботҳои тарбиявии фардӣ, оилавӣ, қабилавӣ, гурӯҳӣ ва ҷомеа мақсади таъмингардонии талаботҳои инкишофӣ буда, бо мақсади менеджмент мувофиқат менамояд. Пас, муайян кардани зинаи зарурии талабот барои ҳар як фард ва менеджмент нишонагирии корҳои тарбиявии иқтисодӣ дар менеджмент буда, имкони расидан ба онро мавҷудияти захираҳои иқтисодӣ, ҳунари коркард, мақсаднокӣ ва тарзи истифодаи онҳо муайян месозад.
Стратегияи тарбияи хештаншиносии иқтисодии фардӣ, бояд равандҳои зеринро дар бар гиранд:
- Нигоҳдорӣ ва таъмини талаботи иқтисодии фардӣ, оилавӣ ва фарзандон. Мувофиқи талаботи ин раванд ҳар як корманд оиди талаботҳои иқтисодии хеш андеша карда, онро ҳамчун сарчашмаи инкишофи фардӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо