Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
-
Дар аксари ин ширкатҳо пешвой зина ба зина, дар ҳар як раванди фаъолият мавҷуд буда, эҳтироми калони коллективӣ ва байниҳакдигарӣ дар асоси ахбори кушодаи фаъолият амал менамояд ва махфияти фаъолият қариб дида намешавад. Мақоми пешвоён ба сифати мураббӣ ва устодони касбӣ мебошад.
-
Хислати фаъолияти кори ин ширкатҳо доимо хислати инноватсионӣ дошта, қувваи асосии пешвоии онҳоро таъмин месозад. Пешвоён бошанд, дар дастгирӣ ва зорӣ кардани навовариҳо мақоми асосӣ бозида, ҳар пешниҳод ва кашфиёти навро дастгирӣ менамоянд ва худашон яке аз муаллифони ин гуна эҷодкориҳо мебошанд.
-
Дар ин ширкатҳо ҳар гуна маблағгузории стратегии кормандон ва ҳавасмандии баланди онҳо дастгирӣ ёфта, қаноатмандии тамоми коллектив ва болоравии зинавии вазифадории кормандон таъмин карда мешавад. Омӯзиш ва баландбардории ихтисосмандии кормандон аз рӯи системаи муайян ба роҳ монда шудааст ва ҳар як аъзои коллектив дар ширкат имкони пурраи баландбардории ихтисосро дорад, яъне ояндаи системавии инкишоф дар ин ширкатҳо таъмин мебошад.
-
Ин ширкатҳо доимо дар омӯзишу тадқиқоти истеъмолкунандаи худ қарор дошта, талаботи онҳоро пурра қаноатманд намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки истеъмолкунандаи доимии худро дошта бошанд ва онро дар ҳеҷ ҳолат аз даст надиҳанд. Пешвоён бошанд, ҳамчун пайвандгари асосии ин муносибатҳо баромад карда, зинаи баланди этикети ҳамкориро устувор нигоҳ медоранд.
Аз нишонаҳои дар боло овардашудаи пешвоии ширкатҳо маълум мегардад, ки онҳо доимо аз рӯи талаботҳои баланди инкишофи босуботи менеҷмент фаъолият менамоянд, ки мо дар мавзӯҳои гузаштаи китоби мазкур пурра гуфта гузаштаем. Бинобар ин, мо боварӣ дорем, ки шогирдон ва хонандаи азизи мо, ки аз мазмуну мундариҷаи китобҳои мо бохабаранд, имкони пешво шуданро пайдо карда, самаранокии фаъолияти роҳбариро дар менеҷмент таъмин месозанд.
Аз мазмуни асарҳои дар солҳои охир оид ба менеҷмент таълифгардида маълум мегардад, ки аксари олимон ва донишмандон оид ба пешвоӣ диққати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо