Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
тағйирёбандагии ҳайати кормандон ва паст гардидани сатҳи тахассусии кормандон.
- Глобализатсияи амиқи менеҷмент ва азнавтақсимшавии байналхалқии меҳнат дар ҷаҳони иқтисодӣ байни давлатҳои пешқадами дунё.
Пешвоён бояд ин хислатҳоро пурра ба инобат гирифта, омӯзанд, аз худ ва дар фаъолияти ҳаррӯзаи роҳбарии хеш истифода намоянд. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим донишмандону файласуфон оиди ин масоили роҳбарӣ диққати махсус дода, асарҳои бузург эҷод намудаанд, ки то имрӯз моҳияти тарбиявии худро гум накардаанд.
Мисол, «Маснавии Мавлавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, асари бузурги Платон «Республика», «Этика»-и Арасту, «Панди хирадмандӣ» - Конфутсий ва он асарҳои мутафаккирони дигари миллати тоҷик, ки мо дар қисми 4-уми китобамон овардаем, ҳама гувоҳи онанд, ки пешвоӣ мактаби бузурги роҳбарӣ буда, дар ҳама давру замон инкишофи устувори ҷомеаро таъмин месозад.
Яке аз муаммои тарбиявии пешвоӣ он аст, ки пешвоиро ҳамчун ҷараён ва ҳолати роҳбарӣ метавон баҳо дод.
Ҳамчун ҷараён пешво дар фаъолияти роҳбарӣ тарзу усул ва сифатҳои баланди роҳбариро нишон дода, онҳоро такмил медиҳад ва мавқеашро боз мустаҳкамтар мегардонад. Пешво ба худ миқдори муайяни сифатҳо ва арзишҳо гирифта, одамонро барои кори самаранок ҳидоят менамояд, яъне ӯ бо ин хислатҳои хоси азхудкардааш одамонро барои иҷрои мақсадҳои гузошташуда роҳнамоӣ месозад.
Ақидаи дуюм он аст, ки худи ҳолати бамиёномадаи роҳбарӣ пешвоёнро тавлид месозад, яъне вазъияте, ки дар корхона, давлат ва ҳукумат пайдо мегардад, метавонад зарурати шахси пешворо ба миён оварда, онро аз муҳит дарёбад.
Дар ҳар ҳолат мо тарафдори ақидаи қобилияти фардӣ доштани роҳбари пешво буда, дар андешаи онем, ки фақат сифатҳои баланди пешвоии фардӣ метавонад шахсро ба ин зина барорад. Агар роҳбари пешво худро ба он муҳит мувофиқ карда тавонад, муҳит онро дастгирӣ менамояд, яъне мувозинати

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо