Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

маъмуле, ки имрӯзҳо аксари ширкатҳои байналхалқӣ пеш гирифтаанд, ташкили озмунҳо ва гузаронидани тести донишҳои рӯҳшиносӣ, маданиятшиносӣ, роҳбарӣ, сиёсатшиносӣ, касбӣ ва ғ. мебошад, ки дар баъзе ширкатҳои азими байналхалқии Ҷопон ва Фаронса то 18 - соат давом мекунад.

Усули дигари интихоб, аз рӯи зинаҳои фаъолияти роҳбар мебошад, ки то замони интихоб кор карда омадааст. Мукофотҳо ва дастовардҳое, ки дар давоми фаъолияти меҳнатӣ ба даст овардааст, низ ба назар гирифта мешаванд. Чунин талабот барои интихоби роҳбарӣ дар ширкатҳо ва умуман, менеҷмент аз он иборат мебошад, ки содир намудани хато дар интихоби корманд хатари калони ширкат ва ё менеҷмент буда, эътибори онро коста мегардонад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, ҳатто дар ширкатҳои байналхалқӣ соле то 40% ҷавонони ба тозагӣ ба кор қабулкардашуда дар давоми 18 моҳи корӣ бо сабабҳои ноӯҳдабароӣ аз кор озод карда мешаванд. Аз ин хотир, вазифаи интихоб ва аз кор рафтани корманд низ, яке аз вазифаҳои муҳими тарбияи хештаншиносии роҳбарӣ буда, диққати махсусро талаб менамояд. Корхонае, ки хоҳиши рушди босубот дорад, доимо дар ҷустуҷӯи қобилиятҳои баланд мебошад ва дар корхонаҳои мазкур шӯъбаи махсуси кадрҳо тамоми сол ба ин кор машғул буда, барои инкишофи кормандон маблағҳои зиёдро сарф менамоянд. Бинобар ин, корманде, ки зинаҳои муайяни тарбия ва омӯзишро мегузарад, бо ҳамаи хатоҳои солҳои аввалашон нигоҳ накарда, онҳоро бо роҳи таъмин намудани мураббигӣ ба зинаҳои болои роҳбарӣ мебардоранд ва тарбия менамоянд, ки дар натиҷа корхона пешвои хуберо пайдо мекунад. Оиди ташкили кори мураббигӣ мо дар қисми 3-юми китоби Менеҷмент пурра гуфта гузаштаем ва паҳлӯҳои гуногуни манфиати онро нишон додаем.

Раванди самаранок ва ҷамъбастии тарбияи пешвоии хештаншиносӣ худинкишофии пешво мебошад. Дар ин раванд, пешво бо роҳи таҳлили пайвастаи тарафҳои мусбӣ ва манфии қобилияти худ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки китобу маҷаллаҳо мутолиа ва усулҳои дигари худинкишофёбиро истифода карда, ба пеш ҳаракат намояд. Бо ин мақсад дар ширкатҳои азими байналхалқӣ менеҷменти корхона барои кормандон ҳафтае то 10 соат дарсҳои махсус ташкил карда, боз барои берун аз кор то 10 соат гузаронидани машғулиятҳои касбӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо менамояд.

пешина
аз 463
навбатӣ