Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
ба худ мегиранд. Ҳар яке аз инҳо ду шакли қувваи «барқи аждаҳой»-ро доранд. Ин ва Ян, яъне мусбию манфӣ. (+.-). Дар таълимоти фан-шуӣ инро Паланги сафед ва Аждаҳои кабӯд ном мебаранд. Қувваи мусбӣ аз баландии кӯҳҳо ва қувваи манфӣ бошад, аз пастиҳо сурат мегирад. Бояд ҳар як сохт ва таркиб ба стандарти геомантии зебоӣ ва фоиданокӣ мувофиқат намоянд.
Вақте ки соҳибкорони аврупоӣ дар асри XIX ба Чин омаданд, дар ҳайрат монданд, ки барои чӣ роҳи оҳанро онҳо аз рӯи таълимоти самаранокии иқтисодӣ сохта наметавонанд. Мисол, дар кӯҳи аждаҳо кофтани нақб мумкин набуд. Чиниҳо дар навбати худ дар ҳайрат монда буданд, ки барои чӣ аврупоиҳо аз қонуни геомантия бехабар мебошанд.
Имрӯзҳо, аллакай, аксари соҳибкорон дар вақти банақшагирии сохтмонҳо албатта, қонуниятҳои геомантиро ба инобат мегиранд. Бояд гуфт, ки дар Англия донишҳои геомантий то замони Рим ва асрҳои миёна мавҷуд буд.
Дар замони имрӯза оиди моҳияти баланди санъати геомантӣ дар тамоми ҷаҳон бохабаранд ва меомӯзанд. Махсусан, соҳибкорон, роҳбарон мехоҳанд, ки барои худ дафтари хуби корӣ, хона, ҷои дамгирӣ ва ҷойҳои кориро тарзе созанд, ки ҳосилнокии баландро таъмин карда тавонад. Самарае, ки фан-шуй медиҳад, хеле баланд буда, рушди босуботи башарӣ ва иқтисодиро таъмин менамояд. Мисол, кӯдаке, ки аз хурдсолӣ дар шароити хуби геомантикӣ умр ба сар бурда, ба воя мерасад, хеле богайрату саломат ва хушҳол буда, ҳосилнокии баландро соҳиб мешавад.
Боиси зикр аст, ки ин қоида дар таълимоти бузургони миллати тоҷик низ хеле моҳирона баён гардидааст. Махсусан, Абӯалӣ ибни Сино риояи ин қоидаро чандин бор дар асарҳои худ таъкид кардааст, ки мо бахше аз онҳоро дар қисмҳои пешинаи китобамон овардаем. Истифодаи самараноки системаи фен — шуйро банда дар сохтмони мадрасаҳои Самарқанду Бухоро баръало ҳис кардам. Вақте ки дар гармии 50 — дараҷаи тобистон мо дохили биноҳои мадрасаҳо мегаштем, чунон боди фораме мевазид ва кас ҳайрон мешуд, ки ин боди форам аз куҷост?
Ин қоидаро императорони Чин хеле хуб истифода мекарданд. Банда ҳангоми сафари вуҷӯдӣ дар Ҷумҳурии Тайван соли 2003-юм вақте аз оромгоҳи Чанкайшӣ ва фарзандаш, ки баъди ӯ император будааст, дидан кардем, дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо