Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хулосаҳои худро пешниҳод менамоянд. Ё мо аксар маврид мебинем, ки як роҳбар дар дафтари кории дигаре кор карда наметавонад. Ва ё яке мивашро ба тарафи шарқ ва дигаре ба тарафи ғарб мегузорад, ки ин исботи гуфтаҳои боло мебошанд. Аксар маврид одамон дар ҳар як хона ба таври гуногун хоб мераванд. Дар ҷое умуман, хоб рафта наметавонанд ва дар ҷои дигар хеле хуб хоб мераванд. Ин исботи он аст, ки дар таркиби хуни ҳар яки мо оҳан мавҷуд аст, ки вобаста ба капиши магнитии замин ва ҳолати бино моро оромона хоб рафтан мемонад ва ё не.

Қисми дигари таълимоти фэн - шуй, ин нурҳои гамма ренгенӣ мебошад.
Инсон ғайр аз ҳолатҳои рӯҳию маънавӣ, боз ба қабули рангҳо алоқамандин нозуки фаъолият дорад. Вобаста аз ин, ҳар яки мо рангҳои гуногунро наға меписандем. Яке ранги сурхро, дигаре ранги сиёҳро, сеюмин ранги зардро ва ғ.
Бояд гуфт, ки дар ин таълимот таъсири илмии ҳар як намуди ранг ба одамон дар синну солҳои гуногун ба таври муфассал гуфта шудааст.

Яке аз равандҳои дигари ин таълимот ба низом даровардани олами дохила ва берунаи ҳар як фард бо мақсади ташкили хуби соҳибкорӣ ва роҳбарӣ мебошад. Қариб барои ҳар як соҳибкор ва роҳбар маълум аст, ки дар як дафтари корӣ хеле хуб фаъолият дошт, аммо баробари ба дафтари кории дигар гузаштан сифати кораш хеле паст шудааст. Мутахассисе, ки аз илми фэн - шуй бохабар аст, нозукиҳои ин ҳолатро медонад ва дафтари кориро тез тағйир медиҳад ё иваз мекунад. Асоси омӯзиши ин илм тадқиқоти нерӯи нозуке мебошад, ки ба тамоми муҳит таъсири номаълуми худро мерасонад.

Мувофиқи таълимоти файласуфони чинӣ се намуди омади корро ҷудо мекунанд: осмонӣ, заминӣ ва одамӣ.

Омади кори осмонӣ - табиатан Шумо зебо, саломат, сарватманд ва ё на он қадар зебо, камбағал, бемор ба дунӣ омадаед. Мо мардуми тоҷик инро тақдири илоҳӣ меномем.

Омади кори заминӣ - ба муҳити хуби зиндагӣ ва он манотиқе вобаста аст, ки мо таваллуд мешавему ба воя мерасем. Мақсади асосии таълимоти фен-шуй таъмини шароити хуби омади заминии одамон мебошад.

Омади кори одамӣ - он комёбие, ки ҳар як инсон бо воситаи қобилияти зеҳнии худ ба даст меорад.

пешина
аз 463
навбатӣ