Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Мақсади асосии мо низ, коркард ва пешниҳоди концепсияи илмии инкишофи босуботи иқтисодии Тоҷикистон дар замони гузариш ба иқтисоди бозорӣ буда, диққати асосиро бояд ба қарорҳои ҳокимиятдорие равона намоем, ки дар ҳама сатҳи идорӣ бо назардошти омили экологӣ сурат мегиранд. Агар имрӯз ин мафҳумро боз дар фаҳмиши хештаншиносии роҳбарӣ ҷой дода натавонем, дигар табиати Тоҷикистон қудрати хатоҳо ва ғоратгариҳои бемайлони сарварони ояндаро надорад, чунки дар замони ҳокимияти Шӯравӣ ба табиати зебои Ватани азизамон, зиёда аз 70 сол муносибати беадолатона карда буданд.
Чуноне ки профессор Бобилев С.Н. қайд мекунанд: «Агар боз 10 — 15 соли дигар чунин вайроншавии агроэкологӣ нигоҳ дошта шавад, ҳолати кишоварзӣ новобаста ба дигаргуниҳои роҳбарӣ ва тағйироти молиявию моликиятдорӣ ба замин ва ҷорӣ кардани муносибатҳои бозорӣ дар кишоварзӣ, боз ҳам харобтар мегарданд».1
Дар Тоҷикистон, ки имрӯз норасоии истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва бӯҳрони экологӣ аксари минтақаҳои обёришавандаи кишоварзиро фаро гирифтааст, ба даст овардани рушди босуботи иқтисодӣ шояд каме мушкилтар бошад. Ба ҳар ҳол умед ҳаст ва имрӯз замоне мебошад, ки муносибатҳои хоҷагидорӣ ва роҳбарии навини кишоварзӣ ҳанӯз мақоми пурраи худро соҳиб нагашта, таъсири манфии худро пурра ҷорӣ накардааст. Бинобар ин, риояи ин қоидаҳои инкишоф айни муддао буда, рушди босуботро метавонад дар оянда таъмин намояд.
Қувваи асосии таъсиррасонии инсон ба табиат инкишофи ақлонӣ ва дар ин замина техникаю технология мебошад. Аз ин хотир, навоварии техникию технологӣ ва ташкили ақлонии шаклу усули роҳбарию ҳокимиятдорӣ, тадбиқи ин дастовардҳо дар истифодабарии сарватҳои табиӣ мақоми бузурги иқтисодию экологӣ ва иҷтимоӣ доранд. Агар дар солҳои пешин зиёни экологӣ фақат ба иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонид, имрӯз ҳудуди ин таъсир чунон васеъ шудааст, ки бевосита ба ҳаёти одамон хатари ҷиддиро таҳдид менамояд. Мо бисёр муаммоҳо ва ҳодисаҳои зиёди экологиро медонем, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар аввали ҳазорсолаи сеюм ба сар омадааст.
1 С.Н. Бобилев, А.А. Смолян. Экологические регулятори в проведении земельной реформи. 1994, С.З.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо